Модарони меҳрубон ва бонувони азиз!
Ҳайати кормандони Агентии иттилоотии "Asia-Plus" ҳамаи Шуморо бо иди зебову фараҳбахш – Рӯзи модарон самимона табрику муборкбод намуда, ба ҳар кадоми Шумо тансиҳативу саодатмандӣ, бахту иқболи баланд ва шодкомию хушрӯзиҳо таманно дорем!
Бароятон лабони пур аз табассум, рӯзгори обод, тансиҳатӣ, хушбахтӣ ва амалишавии кулли орзуҳои беолоишатонро таманно дорем!
Гуруҳи расонаҳои "Asia-Plus" барои болидахотирии модарони меҳрубон, панҷумин иқдоми "Модарони Душанбе"-ро роҳандозӣ намуд, ки лаҳзаҳои хотирмони онро метавонед дар навори зерин бубинед: