spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Оғози парвози мустақим аз Душанбе ва Хуҷанд ба Ҷиддаи Арабистони Саудӣ

Имрӯз, 9-уми март, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аввалин парвози мустақимро аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ анҷом медиҳад, хабар медиҳад Хадамоти матбуоти ширкати мазкур.

Тибқи иттилои ин ширкат, парвозҳои мунтазам дар масири Душанбе-Ҷидда-Душанбе ва Хуҷанд-Ҷидда-Хуҷанд оғоз ба роҳ монда мешавад.

“Шурӯъ аз санаи 9-уми март парвозҳо аз Душанбе ба шаҳри Ҷиддаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе ва якшанбе амалӣ мегарданд. Вақти парвоз аз Душанбе дар рӯзҳои панҷшанбе – 14:30, аз Ҷидда – 19:30, рӯзҳои якшанбе аз Душанбе 22:30, аз Ҷидда – 04:00 (субҳи душанбе) ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудаанд. Аз фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд парвозҳо ба самти Ҷидда рӯзҳои сешанбе соати 21:00 ва аз фурудгоҳи Ҷидда самти Хуҷанд соати 02:00 (шаби чоршанбе) сурат мегиранд”, – таъкид мекардад дар хабари Хадамоти матбуоти ширкат.

Зикр мегардад, ки давомнокии парвоз аз Тоҷикистон ба самти шаҳри Ҷиддаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 5 соату 15 дақиқа, дар бозгашт 4 соату 30 дақиқаро ташкил медиҳад.

Парвозҳо тавассути ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва 737-900 сурат мегиранд.

Дар айни замон ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Эрон, Федератсияи Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон анҷом медиҳад. Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва 737-900 иборат мебошад. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...