Муҳаммад Довуд Музмал, волии Балх, дирӯз, 9-уми март, дар як ҳамлаи интиҳорӣ дар бинои ҳукумати вилояти Балх кушта шуд. Дар ин бора сомонаи телевизиони “Tolonews” хабар медиҳад.
Ин расона бо такя ба манобеи худ дар идораи амнияти вилояти Балх хабар медиҳад, ки ҳамлакунанда маводи тарканда дар баданаш ҷосозӣ карда буд ва худро дар наздики дафтари волии Балх тарконид.
Дар пайи ин таркиш се нафар, аз ҷумла волӣ кушта шудааст ва чаҳор нафари дигар захм бардоштаанд.
Муҳаммад Осиф Вазирӣ, сухангӯи фармондеҳи амнияти вилояти Балх, дар бораи ин рӯйдод ба "Tolonews" гуфтааст, “имрӯз ҳудуди соати 9 як нафар, ки маводи тарканда бар худ баста буд, вориди бинои волии Балх Муҳаммад Довуд Музмал шуд ва худро тарконд, ки дар натиҷаи ин таркиш Муҳаммад Довуд Музмал бо ду фарди мулкӣ ба ҳалокат расид”.
Дар ҳамин ҳол, шоҳидони ҳодиса гуфтаанд, ки шахси интиҳорӣ худро дар дохили дафтари волии Балх расонд ва сипас маводи ҳамроҳашро тарконд.
Бояд гуфт, ки Муҳаммад Довуд Музмал пас аз ғасби дубораи қудрат дар Афғонистон аз суйи Толибон* дар тобистони соли 2021, аввал ба ҳайси волии Нангарҳор ва баъдан муовини вазири умури дохила фаъолият кардааст. Ӯ панҷ моҳ пеш аз сӯи раҳбари ин гурӯҳ ба ҳайси волии Балх таъин гардида буд.
Қаблан ин вилояти нисбатан орому ободи Афғонистонро Ато Муҳаммади Нур, яке аз чеҳраҳои матраҳи арсаи сиёсии ин кишвар ва аз ёрони Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуд идора мекард, бо омадани Толибон якҷо бо Абдулрашид Дӯстум, маршали ӯзбектабор тарк кард ва ҳоло хориҷ аз кишвар зиндагӣ мекунад.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.