spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Хуршед Фозиловро ба Хуҷанд интиқол додаанд

Яке аз наздикони Хуршед Фозилов, рӯзноманигори тоҷик, мегӯяд, ки рӯзноманигорро аз шаҳри Панҷакент ба маркази вилоят, шаҳри Хуҷанд бурдаанд, аммо касе ба онҳо нагуфтааст, ки бо кадом сабаб Хуршед Фозилов боздошт шудааст.

“Дирӯз аз идораи амнияти шаҳри Панҷакент ба мо ваъда карданд, ки Хуршедро пас аз бозпурсӣ, имрӯз раҳо мекунанд, аммо имрӯз ба муроҷиати мо посух доданд, ки Хуршедро ба Хуҷанд бурдаанд. Аммо расман шарҳ надоданд, ки ӯ барои чӣ боздошт шудааст”, – гуфт яке аз наздикони Хуршед Фозилов.

Ӯ ҳамчунин, зикр намуд, ки то ҳол барои Хуршед Фозилов вакили дифоъ нагирифтаанд ва намедонанд, ки ӯ бо вакили дифои давлатӣ таъмин аст ё не.

Кӯшишҳои “Азия-Плюс” ҳам барои мушаххас кардани сабаби боздошти Хуршед Фозилов бенатиҷа анҷомид. Бо гузашти 4 шабонарӯз аз боздошти рӯзноманигор мақомот то ҳол расман ҳеҷ иттилоеро дар ихтиёри расонаҳо нагузаштаанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи талаботи қонунгузории Тоҷикистон муҳлати бозпурсии гумонбаршуда аз лаҳзаи боздошт 48 соат буда, баъди он боздоштшуда ё бояд озод гардад ё нисбати ӯ расман айб эълон карда шавад. Ҳамчунин, тибқи талаботи конун нафари боздоштшуда, аз лаҳзаи боздошт ба вакили дифоъ дастрасӣ дошта бошад.

Ёдовар мешавем, ки Хуршед Фозилов, рӯзноманигори 37-солаи тоҷик, аз минтақаи Зарафшон барои расонаҳо хабару гузориш менавишт ва пас аз нисфирӯзии 6-уми март, дар дохили Идораи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии шаҳри Панҷакент аз сӯйи афроди ношинос, ки дар тан либоси мулкӣ доштанд, дастгир ва ба сӯйи номаълум бурда шуд.

Чанд манбаъ, аз ҷумла кормандони Идораи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Панҷакент, ки шоҳиди ҳодиса буданд, дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, “Хуршед Фозиловро ду шахси номаълум аз дохили утоқ гирифта бурданд”.

Ӯро чанд сол пеш, ҳамроҳи чанд рӯзноманигори дигар, дар яке аз барномаҳои телевизони Тоҷикистон ҳамчун ҳамкори сомонаи хабарии “Ахбор.ком” (фаъолиташ дар Тоҷикистон манъ шудааст) нишон дода буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...