Кумитаи нақлиёти иттиҳодияи тиҷоратии “Деловая Россия” бо дархост ба ҳукумат муроҷиат кардааст, то ки онҳо патенти минтақавӣ барои ронандагони хориҷии мошинҳои боркашро бекор кунанд. Дар ин бора як манбаъ аз ширкати логистикӣ хабар дода, ҳамсуҳбати наздик ба Кумита онро тасдиқ кардааст, менависад Ведомости.
Ин ҷиҳати ба соҳа ҷалб намудани кадрҳои нав кумак мекунад.
Ба иттилои манбаъҳо, норасоии шадиди ронандагон ба бекористии мошинҳои боркаш ва талафоти молиявии ширкатҳои боркашон боис мегардад.
“Ҳозир агар шаҳрванди хориҷӣ ба сифати ронанда дар Русия кор кардан хоҳад, барои ин ӯ бояд патент гирад. Лекин ин санад танҳо дар ҳудуди як субъекти Федератсия амал мекунад, яъне дар минтақае, ки ӯ патентро аз он ҷо гирифтааст”, – шарҳ додааст яке аз ҳамсуҳбатон ба газетаи “Ведомости” дар ширкати нақлиёт.
Аз ҷумла, айни замон ронандагони фураҳо (мошинҳои бокаши бузургҳаҷм) метавонанд танҳо байни шаҳрҳо дар ҳудуди як минтақа боркашонӣ кунанд.
Дар назар аст, ки пас аз бекор шудани патент ронандагони хориҷӣ имкони бештар пайдо карда, ҷалби муҳоҷирон ба кор осонтар мешавад.