Касри тавозуни савдои Тоҷикистон дар моҳи январи соли ҷорӣ 265,1 млн долларро ташкил дод, ки 43,4 млн доллар камтар нисбат моҳи январи соли 2022 (308,5 млн доллар) мебошад.
Ба коҳиши тавозуни манфии савдои хориҷии Тоҷикистон камшавии воридот мусоидат кард, ки бо поинравии афзоиши воқеии талаботи истеъмолӣ шарҳ дода мешавад, гуфта мешавад дар гузориши макроиқтисодии моҳи марти Бонки авруосиёии рушд (БАОР).
Тибқи арзёбии муаллифони гузориш, ба ин ҳамчунин устувор шудани нархҳои ҷаҳонӣ ба ашёи хом, аз ҷумла ба сӯзишворӣ ва маҳсулоти хӯрокворӣ, ки Тоҷикистон онҳоро аз хориҷи кишвар ворид мекунад, мусоидат кард. Ҳаҷми воридоти молу маҳсулот дар моҳи январи имсол аз 443 млн доллар дар ҳамин давраи соли гузашта то 385,1 млн доллар кам шуд.
Таъкид мешавад, ки содироти молу маҳсулот дар моҳи январи соли ҷорӣ нисбат ба воридот камтар коҳиш ёфтааст – аз 134,5 млн то 120 млн доллар.
“Коҳиши содироти фулузот (ҳам арзон ва ҳам тилло) ва маҳсулоти нассоҷӣ қисман аз ҳисоби афзоиши содироти консентратҳои маъдан, семент ва неруи барқ ҷуброн шуд”, – омадааст дар гузориш.
Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар моҳи январи соли 2023 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 505 млн долларро ташкил дод, ки 12,5% камтар нисбат ба ҳамин моҳи соли 2022 мебошад.
Ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз кишвар 120 млн доллар ва воридот аз хориҷи кишвар – 385 млн долларро ташкил дод.
Зиёда аз нисфи содирот аз маҳсулоти минералӣ (семент, маъдан ва консентрат, неруи барқ ва ангишт), 21,5%-аш аз фулузот (металлҳо)-и арзон ва маснуот аз он, 15%-аш аз маҳсулоти нассоҷӣ ва маснуот аз он иборат аст.
Ҳиссаи гурӯҳи молу маҳсулот дар сохтори воридот нисбатан дар як сатҳ буда, ҳеҷ кадоме аз он ба нишондиҳандаи 20% намерасад.
Нисбатан зиёдтар маҳсулоти минералӣ (маҳсулоти нафтӣ, гази моеъ, ангишт, маъдан, консентрат ва ғайра) ба андозаи 17%, мошин ва таҷҳизот – 13,1%, маҳсулоти растанӣ (биринҷ, чой, қаҳва, сабзавот, мева, полезӣ, гандум ва дигар зироати ғалладона) – 9,3% аз хориҷи кишвар ворид карда шудаанд.
Зиёда аз 60%-и гардиши моли хориҷии Тоҷикистон ба се давлат – Русия (22%), Чин (21%) ва Қазоқистон (20%) рост меояд.
Ҳаҷми савдои дуҷониба бо ҳамаи кишварҳои дар боло зикршуда коҳиш ёфтааст: бо Чин – 30%, бо Қазоқистон – 18% ва бо Русия – 4%.