Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 14-уми март, дар як баёнияи кутоҳи хеш изҳор намуд, ки “Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тавофуқи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ ҷиҳати барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни ин ду кишвар истиқбол намуда, онро қадами муҳим дар ростои таҳкими субот дар минтақаи Ховари Миёна арзёбӣ мекунад”.
Бояд гуфт, ки Эрон ва Арабистони Саудӣ чанде пештар, пас аз талошҳои зиёд, бо миёнравии Чин муносибатҳои дуҷонибаро барқарор намуданд.
Робитаҳои Теҳрон ва Риёз соли 2016 дар пайи ҳамла ба сафорат ва консулгариҳои Арабистони Саудӣ дар Эрон қатъ гардид. Он замон ҳамлаваронро қатли Нимр ал-Нимр, як рӯҳонии шиамазҳаби Арабистони Саудӣ ба хашм оварда буд.