Корманди “Алиф” ё дигар ширкатҳо
Дар асл онҳо ба Алиф ва дигар бонкҳо ҳеҷ робитае надоранд. Аксар вақт аз шумо рақами телефонеро талаб мекунанд, ки ба ҳамёни мобилиатон пайваст аст. SMS-паёмак равон карда, рамзи фиристодашударо аз шумо мепурсанд. Ба шахсони шубҳаноку бегона ҳеҷ гоҳ ягон рамзро надиҳед, зеро аз суратҳисобатон пулҳоятонро мегиранд.
Харидор аз somon.tj
Вақте ки барои фурӯши мол дар сомона эълон мегузоред, қаллобон ба шумо занг зада, худро ҳамчун харидор муаррифӣ мекунанд. Маълумоти кортатон ва рамзҳои махфиро талаб карда, ваъда медиҳанд, ки пулро мегузаронанд. Ҳамин ки маълумотҳои корт ва рақами шахсиатонро гирифтанд, ба ҳамёни худ пайваст намуда, пулҳоятонро ба осонӣ медузданд.
Сармоягузории“ҳалол”
Дар Instagram ва Facebook фиребгарон ҳар гуна лоиҳаро паҳн мекунанд ва роҳҳои осони пулкоркуниро ваъда дода, онҳоро боз “ҳалол” меноманд. Вақте ки шумо эълонашонро пахш мекунед, ба таври худкор ба Telegram-канали фиребгарон меафтед. Пас аз он бовариатонро соҳиб мешаванд ва аз 300 то 600 сомонӣ талаб карда, ба шумо даромад ваъда медиҳанд. Баъдтар фиребгарон ба шумо хабари “хуш” мерасонанд, ки гӯё 5000 сомонӣ бурд кардаед. Мегӯянд, ки барои гирифтани пул, шумо бояд аз ин маблағ 13% андоз супоред. Баъд аз он баҳона кофта, ғайб мезананд. Ҳамин тавр, ягон пули ваъдакардаро ба шумо намедиҳанд.
Лоиҳаҳои бардурӯғ
Қаллобон аз номи шахсону ширкатҳои машҳур дар Facebook, Instagram, Telegram ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ баромад мекунанд. Онҳо ҳар гуна эълонҳо, фондҳои пулкоркунӣ ва дигар лоиҳаҳои дурӯғинро паҳн мекунанд. Ваъда медиҳанд, ки агар ба онҳо пул равон кунед, онро якчанд маротиба зиёд карда, ба шумо бармегардонанд. Барои ба бовариатон даромадан, ба шумо ҳатто ягон миқдори пулро ҳам мефиристанд. Вале баъдан бо фиребу найранг аз шумо пули зиёдтар гирифта, ғайб мезананду ягон фоидае ба шумо намедиҳанд.
Мисоли оддӣ: Фиребгарон аз номи “Алиф Бонк”, ҳаммуассисонаш Абдулло Қурбонов ва Зуҳуршо Раҳматуллоев эълон дода, лоиҳаи бардурӯғи “Alif Profit”-ро паҳн кардаанд. Ба онҳо чанде аз ҳамватанон бовар карда, пулҳояшонро аз даст доданд. Албатта, ба “Алиф Бонк”-у ҳаммуассисонаш ин лоиҳа алоқаманд нест ва дар асл вуҷуд ҳам надорад.
Чӣ тавр қаллобонро шинохтан мумкин?
Чанд нишона ва аломатҳои оддие ҳаст, ки бо таваҷҷуҳ ба он метавон қаллобонро шинохт:
1. Овози видео сунъӣ аст;
2. Намои (дизайн) -и сомона куҳна аст;
3. Суроға ё сайт ғайрирасмӣ мебошад;
4. Дар зери эълон одамони шубҳанок таърифҳои бардурӯғ навиштаанд.
Барои ба дом наафтодан чӣ бояд кард?
Маълумоти корту шиноснома, ҳамёни электронӣ ва суратҳисоби бонкии худро ба бегонагон надиҳед. Вақте ки бо чунин эълонҳо рӯбарӯ мешавед, тугмачаи “Пожаловаться”-ро пахш намоед. Барои ин:
– се нуқтаро пахш намоед;
– “Пожаловаться”-ро пахш намоед;
– “Мошенничество или обман”-ро интихоб кунед.
Бо чунин роҳ дигаронро низ аз фиребгарон наҷот дода метавонед. Ҳушёр бошед, ба ҳар гуна сомонаҳо ва эълонҳои бардурӯғ бовар накунед. Сомонаҳои расмии ширкатҳоро истифода баред. Дар ҳолати савол ё шубҳа доштан, ба худи бонк ё ширкат тамос гиред. Дар хотир дошта бошед, ки агар “Алиф Бонк” ва дигар ширкатҳо ягон лоиҳа ё фонд дошта бошанд, дар сомонаи расмии худ эълон мекунанд. Наздиконатонро низ огоҳ кунед ва эҳтиёткор бошед.