Дар қисмати шарқии хиёбони Бобоҷон Ғафуров дар шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан манъ карда мешавад, хабар доданд ба Азия-Плюс” аз шаҳрдории пойтахт.
“Дар робита ба оғози корҳои таъмиру сохтмон дар хиёбони Бобоҷон Ғафуров, аз пул-гузаргоҳи кӯчаи Асадулло Ғуломов (маҳаллаҳои 84-ум ва 104-ум) то кӯчаи Шамсӣ (гардиши роҳи Агентии мелиоратсия) аз соати 22:00-и 18 март ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт қатъ карда мешавад”, – гуфтанд дар шаҳрдорӣ.
Баргузории корҳои таъмиру сохтмон мувофиқи Нақшаи генералии Душанбе ва қарори марбутаи раиси пойтахт ба нақша гирифта шудааст.
Дар шаҳрдории пойтахт аз ронандагони воситаҳои нақлиёт дархост шудааст, ки аз роҳҳои ҳамшафат истифода кунанд.
Аз ҷумла, аз роҳҳои ҳамшафати хиёбонҳои Сино, Исмоили Сомонӣ, Нусратулло Махсум ва кӯчаҳои Асадулло Ғуломов, Шамсӣ, Шерализода, Маяковский, Баҳовуддинов ва Бунёдкорон.