Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон (CPJ) аз мақомоти Тоҷикистон хост, рӯзноманигор Хуршед Фозиловро раҳо карда, ба таъқиби хабарнигорон хотима диҳад.
Хуршед Фозилов, рӯзноманигори тоҷик 6-уми март аз сӯйи афроди ношинос, ки дар тан либоси мулкӣ доштанд, дастгир ва ба сӯйи номаълум бурда шуд. Ба қавли пайвандонаш, ҳоло ӯ дар Боздоштгоҳи Хуҷанд аст.
Дар изҳороти ин созмон, ки дирӯз, 17-уми март, интишор гардид, бо истинод ба манбаи огоҳ аз қазия гуфта мешавад, ки “мақомот Фозиловро ба ширкат дар созмонҳои мамнӯи ифротӣ муттаҳам мекунанд, аммо иттиҳоми мушаххасе алайҳи ӯ ифшо накардаанд. Дар сурати собит шудани иттиҳом ба ӯ тибқи қонуни ҷиноии Тоҷикистон метавонад аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид кунад”.
Гулноза Саид, ҳамоҳангсози барномаҳои Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ гуфт: “Ҳамагӣ чанд моҳ пас аз он ки мақомоти Тоҷикистон чанд рӯзноманигорро бидуни нашри ягон далели қобили таваҷҷуҳ боздошт карда, онҳоро ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум карданд, ба назар мерасад, ки рӯзноманигор Хуршед Фозилов дар доми ҳамон давр мондааст”.
Ин намояндаи Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон гуфтааст, ки “бояд сабаби дақиқи боздошти Фозиловро ифшо кунанд ё ӯро дар қатори дигар рӯзноманигорони зиндонӣ фавран раҳо кунанд”.
Дар изҳороти ин созмон аз он нигаронӣ шудааст, ки рӯзноманигор пас аз боздошт “наздики як ҳафта ба вакили дифоъ дастрасӣ надошт” ва алайҳи ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ “таблиғи тӯҳматҳои шахсии ин рӯзноманигор шурӯъ карданд”.
Инчунин, дар изҳорот гуфта мешавад, ки ба намояндагони созмон муяссар нашуд, ки назари ВКД ва КДАМ-и Тоҷикистонро дастрас намоянд.
Ёдовар мешавем, ки Хуршед Фозилов, рӯзноманигори 37-солаи тоҷик, аз минтақаи Зарафшон барои расонаҳо хабару гузориш менавишт ва пас аз нисфирӯзии 6-уми март, дар дохили Идораи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии шаҳри Панҷакент аз сӯйи афроди ношинос, ки дар тан либоси мулкӣ доштанд, дастгир ва ба сӯйи номаълум бурда шуд.
Хушбахт Фозилов, бародари рӯзноманигор рӯзи 13-уми март зимни суҳбат бо “Asia-Plus” гуфт, ки Хуршед Фозилов ба “даъвати оммавӣ барои бо зӯр тағйир додани сохти конститутсионӣ” гумонбар аст.
“Мақомот Хуршедро бар асоси моддаи 307, қисми 2, банди “г”-и Кодекси ҷиноӣ (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет) муттаҳам кардаанд. Ҳоло вакили мудофеъ машғули ҳимояи ҳуқуқии бародарам аст”, – гуфт Хушбахт Фозилов.
То ин лаҳза мақомот қазияи боздошт ва иттиҳоми Хуршед Фозиловро расман шарҳ надодаанд.
Хуршед Фозиловро чанд сол пеш, ҳамроҳи чанд рӯзноманигори дигар, дар яке аз барномаҳои телевизони Тоҷикистон ҳамчун ҳамкори сомонаи хабарии “Ахбор” (фаъолияташ дар Тоҷикистон манъ шудааст) нишон дода буданд.