spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Нахустин ҷашни расмии Наврӯз дар Душанбе

Ҷашни Наврӯз, ки аз қадимтарин мероси фарҳангии мардумони ориёинажод ба ҳисоб меравад, соли 2010 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид мақоми байналмиллалиро соҳиб гардид, ки дар ин кор Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор дар қатори дигар давлатҳо номбар шудааст. Дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе, ки ҷашни Наврӯз ҳамасола бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мешавад, дар гузаштаи начандон дур баргузор намудани ҷашн Наврӯз монеаҳои худро дошт.

Ҳоло аз аввалин ҷашни расмии Наврӯз дар Душанбе ёдовар мешавем ва ин ҳам ба хотири гиримидошти як зумра аз ҷавонони хештаншиносу миллатдӯсти ҳамонвақта, ки ҳар кадомашон дар давоми минбаъдаи ҳаёти худ чун шахсиятҳои барҷастаи илму адабиёту фарҳанг ба воя расидаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Дар акс: Аввалин дастурхони Наврӯзӣ дар шаҳри Душанбе (марти соли 1959)

Дар рисолаи “Бисот”  (Душанбе- “Адиб”,1996), ки ба муносибати 70 – солагии ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ Холмурод Шарифов ба табъ расидааст, адабиётшиноси маъруф Аълохон Афсаҳзод  назару андешаҳои худро доир ба пахлӯҳои гуногуни хаёту фаъолияти сохибҷашн дар мақолаи “Дилогоҳ” ба қалам дода, дар мавриди дар сатҳи давлатӣ шинохта шудани ҷашни Наврӯз чунин меорад:

“…Ин ҷашни пуршукуҳи халқ, ҷашни мардумии деҳқону чорводорон, подшоҳону раъият ва тамоми мардумони форсизабонро дар шаҳру деҳот асло фаромӯш накарда, дар Самарқанду Бухоро ва Хуҷанд бо тантана ва шукуҳ мегузарониданд. Фақат гурӯҳи тангназарон-баъзе коркунони партиявӣ ва амалдорон ба он чун сунати боқимондаи замони феодалӣ ва динӣ нигариста, ба зидди он беамон мубориза мебурданд. Дар Душанбе чун пойтахти Республикаи Сотсиалистӣ, ки то солҳои шаст қариб ягон сунати ниёгонро эътироф намекарданд ин ҷашн (Наврӯз-М. Ҷ) гузаронида намешуд. Ба ҳар ҳол солҳои аввали иқомати худ дар Душанбе гузаронидани ҷашни Наврӯзро ман ёд надорам. Вале дар ҷойҳои мо Иди Нарӯз  бо тамоми азамат ва ҳашамат барпо мегашт, хусусан идгардонии кӯдакон, маросими чаҳоршанбеи сурӣ, дангона (таому дастурхони умумии духтарон), арғунчакбозӣ ва дигар дилхушиҳои дӯшизагон, ки берун аз деҳа, дар лаби дарёҳои соф ва канори чашмаҳои зулол баргузор мешуд, ба ман хело маъқул буданд. Русумати дигари ин ҷашни ҳамагонӣ маълум аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Нимпайкараи Аълонхон Афсаҳзод дар Панҷакент

Соли 1958 мо чанд нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, ки барои таҷлили Иди Наврӯз ҷамъ омада будем, қарор кардем, ки соли оянда ҳатман Наврӯзро   расман ҷашн хоҳем гирифт. Як сол мисли як нафас гузашт. Дар рӯи ҳавлии хобгоҳи донишгоҳ дар кӯчаи Айнӣ, ки акнун корпуси таълимии факултети математика аст, Аминҷон Аҳмадҷонзода онҷоро бо тарзи идона ороста, барои 50-60 нафар ҷой тайёр кард. Ҳамаи муаллимони номӣ – устодони варзида, шоирону адибон, донишҷӯёни обрӯманд ва созу сурудро даъват кард. Ғулингоб, ҳафтсин, ҳафтмева, мусаллас  ва анвоъи хӯрданиҳои салис  низ дастурхони идонаро зеб медод. Фақат суманак намерасид. Каси онро мепухтагӣ ёфт нашуд. Майсаи сабзондаи Аминҷон дар байни гулу сабзаҳои наврӯзӣ ҷой гирифт.  Аз адибону устодони даъватшуда ба ҷуз Файзулло Ансорӣ каси дигар наомад. Ба ғайр аз камина боз Рӯзӣ Аҳмадов, Бобокалон Эшонқулов, Амон Нуров, Сайфулло Саидов, Иброҳим Шукуров, Даврон Шеров ва боз ду-се нафари дигар дар базми Наврӯзӣ ширкат варзиданд».

А. Афсаҳзод дар идомаи  сухани худ, аз муҳарирони газетаҳои “Маориф ва Маданият” ва “Комсомоли Тоҷикистон” Абдураҳмон Аҳмадов ва Бобо Худойдодов барои дастгириашон дар чопи мақолаҳо доир ба таърихи Наврӯз ёдовар шуда минатдорӣ мекунад. Ҳамчунин, А. Афсаҳзод ёдовар мешавад, ки ба тарғибу ташвиқи онҳо нависандагон ва радиову телевизиони тоҷик низ ҳамроҳ мешаванд, вале рӯзномаҳои ҳизбӣ дар сангари муқобил қарор мегиранд.

– Кор то ҷое мерасад, ки соли 1960 барои намоишкорона ҷомаи беқасаб пӯшида ба кӯчаҳои шаҳр баромадан ректори ҳамонвақта С.А. Раҷабов маро  аз хобгоҳи донишгоҳ  пеш кард, мегӯяд А. Афсаҳзод.

Ниҳоят (пас аз даҳ сол) шуъбаи маданияти КМ ҲК Тоҷикистон ва сардори он Холмурод Шарифов барои баровардани қарори муфид ба ҷонибдории иди Наврӯз саҳм гузоштанд.  Қарор карда шуд, ки минбаъд ҷашни Наврӯз бо роҳбарии ташкилотҳои партиявӣ гузаронида шавад. Дар ин бобат хизматҳои М.Осимӣ, У. Раҷаб ва Лоиқ низ хурд нест, менависад А. Афсаҳзод.

Хостем баъди гузашти солҳои тӯлонӣ бо устод Рӯзӣ Аҳмадов доир ба ин мавзуъ суҳбате дошта бошем.

Устодро дар шуъбаи фолклори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон машғули кор –навиштани мақолае дар мавзӯи  “Наврӯз” дарёфтем.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Рӯзӣ Аҳмадов

Устод Рӯзӣ Аҳмадов он солҳоро ба хотир оварда, ёдовар шуданд, ки дар баргузор намудани аввалин ҷашни Наврӯзӣ, пеш аз ҳама саҳми Аминҷон Аҳмадҷонзода, ки он вақт вай донишҷӯи курси панҷум буд, назаррас аст. – Баъд мо чанд нафари дигар дар атрофи ӯ ҷамъ омадем. Аз ташрифи Ф. Ансорӣ ба ин ҷашн ёдоварӣ намуда,  гуфтанд, ки он вақт бисёриҳоро таклиф намуда будем лекин танҳо ин кас омаданду халос.  Ба саволи он ки он солҳо мавзӯи Наврӯз чӣ гуна дар матбуот нашр мешуд, чунин посух доданд:

– Мо аз соли 1959 сар карда, ба матбуот дар мавзӯи Наврӯз ва таърихи он менавиштем. Дар ин кор моро танҳо шодравон Буринисо Бердиева дастгирӣ мекарданд; гуфта, барои тасдиқи суханашон як нусха яз газетаи «Маориф ва Мадиния», ки аз 17-уми марти соли 1969 аз чоп баромада буд, нишон доданд. Саҳифахои газета пурра ба мавзӯи Наврӯз бахшида шуда буд. Мақолаҳои Т. Зеҳнӣ, Б. Раҷабзода, А. Мухторов, Н. Пиримқулов ва дигарон чоп шуда буданд. Ҳамчунин, аз бойгонии худ расми он ҷашни аввалини Наврӯзиро бароварданд. Устод дар идомаи суханашон қайд намуданд, ки он солҳо ин гуна маводро барои ба чоп расонидан кори саҳл набуд. Он кас қаҳрамонӣ нишон даданд. Ва як насхаи дигар аз газетаи «Комсомоли Тоҷикистон» (чопи марти соли 1960) -ро гирифта гуфтанд, ки барои ин мақолаи “Иди Наврӯз” аз мудири шуъба (нахостанд номашро гӯянд) хело гап шунида будам. Танҳо баъди он ки ҳамаи маводро ба русӣ тарҷума карда ба ӯ додем, дигар ба мо кордор нашуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...