Дар шабака барои кӯдакони размикор аз Тоҷикистон дар ММА Муҳаммадалӣ Саидов, ки бар асари ҷароҳат бардоштан ҳангоми машқ ҳалок шуд, ҷамъоварии кумак эълон шуд, хабар медиҳад Sports.tj.
“Дӯстони ман барои ёрӣ ба оилаи варзишгари фавтида кумак ҷамъ мекунанд. Агар шумо ҳам хоҳиш дошта бошед, ин корро карда метавонед (https://gofund.me/595ff2c7, – навиштааст рӯзноманигори шореҳи ММА Игор Лазорин. – Ӯ рӯзгори оилаи худро таъмин карда, падари 4 фарзанд буд”.
Масъули ҷамъоварии кумак Далер Амрихудоев мебошад.
“Ҷамъоварии маблағ барои кӯдакони бародарамон Муҳаммадалӣ Саидов, ки чанде пеш даргузашт. Ӯ беҳтарин падар барои фарзандон, беҳтарин шавҳар барои ҳамсар, марди оқилу варзишгари хуб буд. Лутфан барои кӯмак оилаи ӯро дастгирӣ кунед. Мо ҳамроҳ метавонем зиндагии онҳоро дар ин рӯзҳои душвор каме осонтар кунем”, – навиштааст ӯ.
Размикори муҳорибаҳои омехта (ММА) Муҳаммадалӣ Саидов пас аз ҷароҳат бардоштан дар машқ ҳалок шуд. Гуфта мешавад, ӯ дар ИМА фавтидааст. Ӯ 29 сол дошт ва соҳиби 4 фарзанд – 3 писару 1 духтар буд.
Дар муҳоҷрибаҳои ММА ӯ ду ғалаба ба даст оварда, ягон бор ба бохт дучор нашудааст.
Ҳангоми машқ Муҳаммадалӣ Саидов аз сараш ҷароҳати вазнин гирифта, таъҷилан дар беморхона бистарӣ мешавад. Ӯ 9 рӯз дар ҳолати беҳушӣ қарор дошта, ба худ наомад.
Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!