spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Манфиати миллӣ ва танҳоӣ дар сангар? Боздиди Толибон аз консулгарӣ дар Хоруғ

Намояндаи Толибон* иддао карданд, ки аз консулгарии Афғонистон дар Хоруғ боздид намуданд, аммо мақомоти Тоҷикистон ҳозир нашуданд ин иддаоро шарҳ диҳанд. Коршиноси тоҷик мегӯяд, ки “ҳифзи манфиатҳои миллӣ” ва “танҳоӣ дар сангар” муҳимтарин омили муассир дар нармиши муносиботи Тоҷикистон бо ин гуруҳ аст.

Ду рӯз қабл, санаи 25-уми март, Қаҳҳор Балхӣ, сухангӯи сарпарасти Вазорати корҳои хориҷаи Афғонистон дар Твиттери худ навишт, як ҳайати Толибон таҳти роҳбарии Муҳаммад Мусо Амирӣ, раиси молӣ ва идории ин вазорат, аз консулгарии Афғонистон дар шаҳри Хоруғи Тоҷикистон дидан кардаанд.

“Ин ҳайат зимни арзёбии умури консулгарӣ, таъмири онро низ аз наздик дид ва арзёбии хешро ҷиҳати бозсозии он бо мақомҳои Вазорати умури хориҷӣ шарик намуд. Таъмири консулгарии Афғонистон дар Хоруғ дар натиҷаи барфкӯчи охир осеб дидааст”, – навишт ин масъули Толибон.

Гуфтан ба мавриди аст, ки бар асари фаромадани тарма дар шаҳри Хоруғ рӯзи 15-уми феврал чандин нафар ба ҳалокат расиданд. Ҳамчунин, даҳҳо хонаи истиқоматӣ ва консулгарии Афғонистон зери барф монда, зарари ҷиддӣ диданд ё пурра вайрон шуданд.

Масъули Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни суҳбати телефонӣ бо “Asia-Plus” ҳозир нашуд, ки ин хабарро шарҳ диҳад.

Дар ҳоле, ки Тоҷикистон бо Толибон робитаи дипломатӣ надорад ва роҳбарияти Тоҷикистон аз сиёсатҳои ин гуруҳ оид ба ташкили ҳукумат ва риояи нагардидани ҳуқуқи инсон интиқод кардааст, маълум нест, ки ин ҳайати Толибон аз чӣ тариқ вориди Тоҷикистон шудаанд ва ба шаҳри Хоруғ рафтаанд. Аз ҷараёни ин боздид ҳеҷ як расм ё наворе интишор нашудааст. Ва дар умум, ин сафари Толибон ба Хоруғ чӣ маъно дорад?

ИЗОБРАЖЕНИЕ Бинои консулгарии Афғонистон дар шаҳри Хоруғ

Ҳифзи манфиати миллӣ ва танҳоӣ дар сангар

Яке аз коршиносони масоили сиёсии тоҷик бо шарти ифшо нашудани номаш ҳолати пешомадаро шарҳ дода, “ҳифзи манфиатҳои миллӣ” ва “танҳоӣ дар сангар”-ро муҳимтарин омили муассир дар нармиши муносиботи Тоҷикистон бо ин гуруҳ муаррифӣ намуд.

Ӯ мегӯяд, бо назардошти вазъи печидаи дунё, бархурди мустақими манофеи қудратҳои ҷаҳонӣ дар қаламрави Шӯравии собиқ (Украина) ва муносиботи ошкору пинҳони бозигарони аслии саҳнаи сиёсати ҷаҳониву минтақавӣ бо Толибон барои Тоҷикистон ба танҳоӣ пеш бурдани мавқеъ ва сиёсати оштинопазирона дар баробари ҳукумати феълии Афғонистон беш аз пеш душвортар шудааст.

“Барои пешгирии таҳдидҳои эҳтимолӣ аз тариқи Афғонистон ба Тоҷикистон имкони барқарории робитаи нисбӣ бо Толибон дур аз тасаввур набуд. Чунин иқдом фақат барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, бахусус суботу амнияти кишвар метавонад гирифта шавад”, – иброз медорад ин коршинос.

Ба қавли ӯ, дар Афғонистон беш аз 20 гурӯҳи террористӣ, ба шумули Ансоруллоҳ* ё Толибони тоҷик бо садҳо интиҳорӣ, ҳузур доранд, ки барои кишварҳои давру бар таҳдиди ҷиддӣ ба шумор мераванд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Ҳар рӯз тирпарронӣ аст”. Шералӣ Хайруллоев вазъи сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро нигаронкунанда арзёбӣ кард

“Барқарории робитаи нисбӣ бо Толибон метавонад то ҳадде таҳдидҳои эҳтимолиро коҳиш диҳад”, – зикр мекунад ин коршинос.

Яъне, ба қавли ин коршинос айни замон шароит ба гунае рушд мекунад, ки “барои Тоҷикистон чораи дигаре ҷуз ба роҳ мондани навъе аз таъомулу иртиботи нисбӣ бо Толибон боқӣ намондааст”.

“Амрикову Аврупо дар сухан аз Толибон интиқод мекунанд, аммо дар амал беш аз якуним сол аст, ки ҳар ҳафта ҳудуди 40 миллион доллар ба ин гурӯҳ медиҳанд. Чину Русия, Эрону Туркия, Арабистону Ҳинд низ дар амал бо Толибон мушкили хосе надоранд. Чор кишвари Осиёи Марказӣ ҳам бо Толибон равобит барқарор кардаанд. Фақат Тоҷикистон ба унвони танҳо кишваре дар ҷаҳон боқӣ монда буд, ки ба таври қотеъ аз ҳар гуна иртиботи расмӣ ва сиёсӣ бо Толибон парҳез мекард. Ба танҳоӣ пеш бурдани чунин сиёсат дар шароити мураккабу печидаи ҷаҳонӣ кори саҳл нест ва зарфиятҳои маҳдуди дохилии Тоҷикистон низ имкони чунин кореро намедиҳад”, – мегӯяд ин коршинос.

Зоҳир Ағбар: Дар кори сарконсулгарии Хоруғ тағйироте нашудааст

Дар ҳамин ҳол, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Зоҳири Ағбар дар саҳифаи Фейсбуки худ навишт, ки “сафорат Афғонистон дар Тоҷикистон ба фаъолиятҳои сиёсии худ ба таври маъмул идома медиҳад ва хонаи адолатхоҳӣ ва озодихоҳии мардум Афғонистон аст".

ИЗОБРАЖЕНИЕ Зоҳир Ағбар

"Дар сарконсулгарии Хоруғ ҳеҷ навъ тағйири расмӣ наомадааст. Ҷойгоҳ ва мавқеи кишвари мизбон дар қиболи Толибон низ возеҳ аст”, – таъкид намуд сафир.

Ёдовар мешавем, ки Толибон дар аксар кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон гуруҳи террористӣ эътироф шудааст. Ин гуруҳ моҳи августи соли 2021, пас аз 20 соли ҷанг бо нерӯҳои НАТО вориди Кобул шуда, қудратро дар Афғонистон ғасб кард.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Маскав аз Толибон рӯ гардонд?

Ҳамакнун, беш аз якуним сол мешавад, ки ин гуруҳ дар Афғонистон давлатдорӣ мекунанд, вале то кунан аз сӯйи ҳеҷ кишваре ҳукумати таъсиснамудаи онҳо ба расмият шинохта нашудааст.

Бо ин вуҷуд, баъзе аз давлатҳо, аз ҷумла Русия, Чин, Эрон ва АМА тайи моҳҳои охир ихтиёри сафорати Афғонистонро ба намояндагони Толибон доданд. Баъзе аз давлатҳои дигар бошад, бо ин гуруҳ равобит барқарор карда, вориди гуфтугӯ низ шудаанд.

Тоҷикистон аз камтарин кишварҳои минтақа буд, ки бо Толибон робитаи дипломатӣ надошт. Дар баробари ин, миёни "Барқи тоҷик"  ва ширкати “Брешно” оид ба интиқоли барқ қарордод имзо шудааст ва инчунин, Тоҷикистон барои интиқоли кӯмакҳои башардӯстона ба кишвари ҳамсояи худ имкониятҳои логистикиашро вогузор кардааст.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...