Душанбе. 24-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ зимни муҳокимаи масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи қайди асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ» муовини вазири адлияи ҷумҳурӣ Азизмат Имомов пешниҳод кард, ки тағйири ному насаби шахсони доғи судӣ дошта, мавриди пайгарди қонунӣ қарордошта ва депортатсияшуда манъ карда шавад.
«Чораи мазкур барои танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва таҳкими ҳамкории хадамоти дахлдори кишвар бо давлатҳои дигари ҷаҳон дар мавриди ҷустуҷӯ ва боздошти шахсони мавриди пайгарди қонунӣ қарордошта барои содир намудани ҷиноёт равона гардидаааст», – гуфт ӯ.
Намояндагони мардумӣ пешниҳоди мазкурро барои омӯзиши иловагӣ ва пешниҳоди хулоса ба кумитаҳо ва комиссияҳои палатаи поёнии парлумон ирсол намуданд.