Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар бозии дӯстона аз дастаи Кувейт шикаст хӯрда, силсилаи бозиҳои бидуни бохташ, ки иборат аз 7 вохӯрӣ буд, ба охир расид.
Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, бозии дӯстона байни дастаҳои Тоҷикистон ва Кувейт рӯзи 28 март дар Варзишгоҳи байнулмилалии Ҷабер Ал-Аҳмад дар Ал-Кувейт доир гардида, бо ғалабаи соҳибони майдон бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфт.
Дар ҳайати дастаи миллии Тоҷикистон ба нимҳимоятгар Алишер Ҷалилов муяссар шуд, ки ягона тӯбро ба дарвозаи ҳарифон ворид созад.
Бозии дӯстонаи тими миллии мо дар рӯзҳои моҳи марти ФИФА баргузор шуд. Вохӯрии аввал рӯзи 25 март байни футболбозони тоҷик дар Абу-Даби бо тими Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) мусовӣ – 0:0 ба поён расид.
Дар марҳилаи минбаъда мунтахаби футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармурабии хорватӣ Петр Сегрт моҳи май ҷамъ омада, омодагиро ба аввалин дар таърих мусобиқаи Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2023 оғоз мекунад. Баргузории Чемпионати CAFA-2023 рӯзҳои аз 9 то 20 июн ба нақша гирифта шудааст.
Қобили зикр аст, ки ин вохӯрии 11-уми мунтахаби футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт аст. Дар 10 вохӯрӣ тими мунтахаби ҷумҳурӣ дар 5 бозӣ дастболо шуда, 3 бозиро мусовӣ анҷом дод ва дар 3 вохӯрӣ ба шикаст дучор шуд.