Душанбе. 24-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – То
ҷ
икистон дар қатори
Ӯ
збекистону Туркманистон ба р
ӯ
йхати давлатҳои худкома шомил гашт. Дар ин бора дар гузориши агентии Бритониё The Economist Intelligence Unit (EIU), ки рейтингҳои гуногун таҳия месозад, маълумот дода шудааст.
Дар гузориш низоми фаъолияти 167 кишвари дунё мавриди таҳлил қарор гирифта, кишварҳо шартан ба чаҳор қисмат ҷудо карда шуданд – кишварҳои беҳтарини демократӣ, демократияи номукаммал, сохторҳои гибридӣ ва сохторҳои худкома.
Ба гурӯҳи аввал Шветсия, Нидерланд, Исландия, Дания, Финландия, Швейтсария ва Люксембург дохил шуданд. Амрико дар ин рӯйхат дар мақоми 18-ум қарор дорад.
Қирғизистон, Русия, Арманистон, Гурҷистон, Покистон, Камбоҷа, Венесуэла ва Албания ба гурӯҳи сохтори сиёсии гибридӣ шомил шуданд.
Гуфта мешавад, ки арзишҳои демократӣ аз ҳама бештар дар кишварҳои гурӯҳи чаҳорум риоя намешавад. Ба ҷуз давлатҳои дар боло зикршудаи минтақаи Осиёи Марказӣ ба ин рӯйхат ҳамчунин Чин ва Кореяи Шимолӣ низ дохил шудаанд.