Девони вазирони Арабистони Саудӣ ёддошт дар бораи ба шоҳигарӣ додани мақоми шарики муколамаи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ)-ро ба тасвиб расонд.
Бино ба маълумоти Агентии чопи Саудӣ, ҷаласаи Девони вазирон рӯзи сешанбе таҳти раёсати шоҳ Салмон бин Абдул Азиз Ал-Сауд доир гардидааст.
Узвияти Арабистони Саудӣ ба СҲШ дар ҷараёни сафари раиси Чин Си Ҷинпин ба ин кишвар дар моҳи декабри соли гузашта баррасӣ шуда буд. Мақоми шарики муколама қадами аввалин дар созмон пеш аз ба узвияти комилҳуқуқ пазируфтан дар давраи миёнамуҳлат маҳсуб меёбад.
Ин тасмим дар пайи эъломи ширкати нафту гази Saudi Aramco дар бораи афзоиши сармоягузории бисёрмиллиард доллариаш ба Чин гирифта шудааст. Пешбинӣ шудааст, ки дар шимолу шарқи мамлакат корхонаи муштараки коркарди нафт ва корхонаи нафту кимиё сохта мешавад.
Айни замон Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аъзои СҲШ мебошанд. Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон мақоми кишварҳои нозир ва Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка – мақоми кишварҳои шарик дар Созмонро доранд.
Дар нишасти Самарқанд 16 сентябри соли 2022 дар бораи шарикӣ бо Миср, Қатар ва Арабистони Саудӣ ёддоштҳо ба имзо расида, инчунин дар бораи оғози расмиёти пешниҳоди мақоми шарикони муколама ба Баҳрайн, Кувейт, Малдив, Мянма ва Амороти Муттаҳидаи Араб тасмим гирифта шуд.