Сафари Си Ҷинпин ба Маскав
Сафари Си Ҷинпин ба Русия аз 20 то 23 март сурат гирифта, дар саросари ҷаҳон вокуниш ва таваҷҷуҳи зиёдеро ба бор овард. Дар аввал сафари сарвари Чин ба Маскав ҳамчун як сафари расмии серӯза муаррифӣ шуда, вале бисьёр шореҳон зикр намуданд, ки он тибқи барномаи каме ихтисоршуда доир гардид ва роҳбари Чин субҳи рӯзи сеюми сафар Маскавро тарк кард, яъне ин сафар амалан ду рӯз давом кард.
Ҳарду ҷониб аз ин сафар интизориҳои зиёд доштанд – дар Русия, тибқи навиштаи матбуот ва мардуми ватандӯст, изҳороти пуштибонии ошкоро аз Маскав дар бархӯрди тӯлониаш бо Ғарбро интизорӣ доштанд. Инчунин, дар бораи қарордодҳои эҳтимолӣ дар бораи интиқоли силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ аз Чин бисёр гуфта шуд, ҳатто дар бораи “лендлиз” (қарзи иҷора) сухан рафт.
Пеш аз ҳама, доир ба интиқоли лавозимоти ҷангӣ (снарядҳо) сухан рафт, зеро ба гуфтаи коршиносон, ҳарду ҷониб норасоии шадиди ин лавозимотро эҳсос мекунанд.
Аммо дар ҳоле, ки Украина интиқоли ҳудуди миллион снарядро аз шарикони ғарбаш интизор аст, ба Русия лозим меояд, ки асосан ба имконоти худ такя кунад.
Дастгирии ошкорои Чин низ метавонад раванди музокира байни тарафҳоро фаъол кунад ва Украинаро маҷбур созад, ки гузашт кунад; дар дарозмуҳлат қабули тарҳи сулҳҷӯёнаи Чин маънои бас кардани амалиёти ҷангро дар хатти ҳозираи ҷабҳа дорад, ки ин ба андозаи зиёд ба манфиатҳои Маскав мувофиқ аст.
Дар ҳар сурат, ҳадди ақал дар Маскав низ пешравиҳоро дар заминаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, тавофуқҳо дар бахши энергетика ва интиқоли таъиноти дугунаро интизор буданд, ки ҷиҳати канорагирӣ аз таҳримҳои Ғарб, пеш аз ҳама дар соҳаи технология ва силоҳу муҳимот кумак кунанд.
Интизориҳои Чин бештар ба тарҳи сулҳи Чин барои ҳалли низоъ миёни Русия ва Украина марбут буд, ки дар охири моҳи феврал аз сӯи Пекин расман муаррифӣ шуда буд.
Чанде пеш аз ин Чин муваффақона ба унвони миёнарав дар танзими равобити муташанниҷ миёни Арабистони Саудӣ ва Эрон саҳм гузошт. Ин муваффақият нуфузи Чинро ҳамчун яке аз бозигарони асосии геополитикӣ, ки ба ҳалли низоъҳои хеле пеш боқмонда ва буҳронҳо қодир аст, ба таври назаррас боло бардошт.
Ба навиштаи ВВС, худи Чин изҳор намуд, ки ин танҳо оғоз аст ва минбаъд Чин ният дорад, ки дар ҳалли муноқишаҳои минтақавӣ нақши созанда бозад. Дар ин робита, муваффақият дар Украина ҳамчун як комёбии нави хеле муҳимтар дар сиёсати хориҷӣ барои Пекин арзёбӣ мешавад.
Аз натоиҷи вохӯрӣ ҳеҷ кадоме аз тарафҳо умедҳои худро пурра бароварда накард, ҳарчанд ҳам дар Маскав ва ҳам дар Пекин гуфтушунидҳо расман муваффақ арзёбӣ шуданд.
Пеш аз ҳама, пешбурди татбиқи тарҳи сулҳҷӯёнаи Чин, ки яке аз бандҳои асосии рӯзномаи кори гуфтушунид буд, ғайриимкон буд.
Зоҳиран, Си Ҷинпин дар ҷараёни музокирот умедвор буд, ки дар бораи ҳар гуна гузашти изофӣ аз ҷониби Маскав мувофиқат кунад, то ки тарҳи Чин барои Киев бештар қобили қабул шавад.
Масалан, дар Маскав метавонистанд ба хуруҷи пешакии неруҳо, шояд дар сарҳадҳои моҳи феврали соли гузашта розӣ шаванд. Дар ин сурат ба Си Ҷинпин як сабаби воқеии музокироти онлайн бо президенти Украина пайдо мешуд, ки фавран пас аз сафари раиси Чин ба Маскав пешбинӣ гардида буд.
Дар як суханронии расмӣ пас аз анҷоми музокирот Владимир Путин танҳо аз пуштибонии худ аз тарҳи сулҳи Чин дар варианти аввали он изҳори назар кард. Ба ин тартиб, занги онлайни пешбинишудаи Ҷинпин ба Киев ҳанӯз сурат нагирифт, зеро Киев ба варианти кунунии тарҳи сулҳи Чин комилан норозӣ буда, таҳияи шакли нави тарҳ дар Маскав муяссар нашуд.
Дар навбати худ, ба навиштаи портали Диалог, Чин аз ҷанги Украина ошкоро ва мушаххас пуштибонӣ накардааст. Ба таври маъмулӣ, раиси Чин танҳо изҳор дошт, ки омода аст аз Федератсияи Русия дар СММ пуштибонӣ ва ба ҳалли сиёсии вазъ мусоидат кунад.
Раҳбари Чин инчунин дар бораи омодагии худ ба дастгирии Федератсияи Русия дар сатҳи низомӣ изҳорот надод ва танҳо бо итминонҳои норавшани дипломатӣ маҳдуд шуд.
Изҳороти муштараки тарафҳо аз натиҷаҳои сафар низ дар шаклҳои нисбатан муътадил ва номуайян таҳия шуд. Тавре ки Радиои Aзаттык менависад, дар ин гуфтушунидҳо аз рӯи масъалаҳои муҳими иқтисодӣ созишҳои қатъӣ ба даст наомаданд, то ки ба Русия ҷиҳати тоб овардан ба фишори рӯзафзуни таҳримҳои Ғарб кумак кунанд.
Ба эҳтимоли зиёд, дастгирӣ аз Чин дар ҳамон сатҳ боқӣ хоҳад монд – дар шакли таъминоти пинҳонии маҳсулоти таъиноти дугуна, аммо бидуни ҳеҷ гуна таъминоти назаррас ва ошкорои силоҳу муҳимот ва технология.
Дар ҳамин ҳол, ба таъкиди Азаттык, вобастагии иқтисодии Маскав аз Чин дар натиҷаи ин сафар, дар навбати аввал, ба сифати бозори аслии фурӯши газу нафти Русия зиёд шуд.
Сониян, Чин содиркунандаи аслии молҳои саноатӣ ва технологияҳо ба Русия маҳсуб меёбад, ки дар натиҷа додугирифти дуҷониба дар соли 2022 ба 190 миллиард доллари рекордӣ расид.
Сеюм, дар шароити нав, юани чинӣ ба асъори асосии Русия табдил меёбад, зеро қисмати зиёди захираҳои энергетикии Русия маҳз ба бозори Чин фиристода мешаванд.
Дар ин замина изҳороти ахири Пекин дар бораи тақвияти равобиташ бо кишварҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ басо равшан садо дод.
Аз ҷумла, тибқи гузориши Forbes бо истинод ба хабаргузории Kabar, нахустин нишасти механизми Чину Осиёи Марказӣ дар моҳи май баргузор мешавад, ки эҳтимолан як шакли нави робитаи Чин ва кишварҳои минтақаро дар назар дорад, лекин ин дафъа бе Маскав.
Ҳамин тариқ, дар шароити нав, зоҳиран ва ба эҳтимоли зиёд, Маскав метавонад тадриҷан нақши бозигари асосии геополитикӣ ва шарики минтақаро ба Чин диҳад.
Силоҳи тактикии ҳастаӣ дар Беларус
Зимни нишасти матбуотии муштараки Си Ҷинпин ва Владимир Путин дар Маскав ногаҳон ба раҳбари Русия дар бораи интиқоли силоҳи дорои урани тиҳишуда ба Украина хабар доданд. Ин вокуниши шадиди Путинро ба бор оварда, ӯ дарҳол суханрониашро қатъ кард ва дар бораи чораҳои ҷавобӣ изҳорот дод.
Дере нагузашта Путин аз ин тадбирҳо ҳарф зада, азҳор намуд, ки Маскав ният дорад дар ояндаи наздик ба Беларус силоҳи тактикии ҳастаӣ (ядроӣ) интиқол диҳад.
Ба иттилои ВВС, Путин гуфтааст, ин бидуни вайрон кардани реҷаи паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ сурат мегирад: Минск ин силоҳро зери назорат намегирад. Ҳамчунин, Путин ин тасмимро мустақиман бо интиқоли силоҳи дорои урани тиҳишуда ба Украина рабт дод.
Изҳороти Маскав дар Ғарб ва Киев вокуниши шадиди манфӣ ба бор оварда, онро як иқдоми нав барои шиддат гирифтани вазъ унвон карданд.
Аз ҷумла хабаргузории Блумберг зикр кард, ки тасмими Русия дар бораи ҷойгир кардани силоҳи тактикии ҳастаӣ дар Беларус инчунин ба қарордҳои чанде қабли ӯ бо Чин мухолиф аст.
Воқеан, дар изҳороти муштарак аз натоиҷи мулоқоти Си Ҷинпин ва Путин дар Маскав банди зерин мавҷуд аст: "Ҳамаи қудратҳои ҳастаӣ набояд силоҳи ҳастаиро берун аз қаламравҳои миллии худ ҷойгир кунанд ва ҳама силоҳҳои ҳастаии дар хориҷ ҷойгиршударо берун бароранд".
Илова бар ин, тасмими Маскав сатҳи шиддат миёни тарафҳоро боло мебарад, ки монеаи ҷиддии дигареро дар роҳи иҷрои эҳтимолии тарҳи сулҳи Чин мегузорад.
Мутаносибан, ин ба норозигии комилан фаҳмо дар Чин, ки ба ташаббусҳои сулҳҷӯёнаи худ зиёд аҳаммият медиҳад, боис мегардад ва бахусус бо он сабаб, ки ба гумон аст қарори Москва бо Пекин мувофиқа шуда бошад.
Дар посух, ба навиштаи The Insider, Украина талаб кард, ки ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ даъват шавад; роҳбари дипломатияи Иттиҳоди Аврупо (ИА) Жозеп Боррел гуфт, тасмими Маскав ҳамчун таҳдид ба амнияти Аврупо арзёбӣ мешавад ва ИА омода аст таҳримҳои нави ҷавобӣ ҷорӣ кунад.
Ба гуфтаи коршиносони нашрия, Кремл кайҳо боз ҷойгир кардани силоҳи ҳастаӣ дар Беларусро ҳамчун "асбоби фишор болои Ғарб" дар нақша дошт, то онро маҷбур созад, ки силоҳҳои ҳастаии Амрикоро аз Аврупо берун барорад ва ваҳдати низомию сиёсии НАТО-ро заиф созад.
Аз ин лиҳоз, ба Украина интиқол додани силоҳи дорои урани тиҳишуда барои Маскав танҳо як баҳонаи хубе барои амалӣ кардани нақшаҳои пешинаи худ оид ба тақвияти фишор болои “Ғарби дастаҷамъӣ” шуд.
Ба ҳар ҳол, ҷанҷол дар мавриди вокуниши ҳастаии Маскав танҳо шиддати ташаннуҷ ва бархӯрд дар атрофи муноқишаи Русияву Украинаро афзоиш медиҳад. Ин барои шарикони Маскав дар СААД ва СҲШ як варианти хеле номуносиб аст, зеро бастаи нави таҳримҳо ба иқтисод ва молияи онҳо низ зарба хоҳад зад.
Инчунин ба гумон аст, ки ин ба нигоҳ доштани фазои хуб дар СААД, ИИАО (ЕАЭС) ва СҲШ мусоидат кунад, зеро Маскав бори дигар тасмимҳои барои ҳама муҳимро бешубҳа бидуни мувофиқати пешакӣ бо шарикон ва иттифоқчиёнаш қабул мекунад.
Даъвати баҳорӣ ба артиши Русия: оё "мавҷи дуюм"-и сафарбаркунӣ фаро мерасад?
Аз якуми апрел дар Русия даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ оғоз мешавад, ки ин, ба назар мерасад, як ҳодисаи оддӣ аст, лекин ин дафъа ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар хориҷи наздику дур таваҷҷӯҳи зиёдро ба худ ҷалб мекунад.
Сабаби ин таваҷҷуҳ дар он аст, ки артиши Русия имсол ба таври қобили мулоҳиза шумори низомиён ва шахсони хидматчӣ бо қарордодро зиёд мекунад ва ин ҳатман ба теъдоди қобили мулоҳиза ҳам дар худи Русия ва ҳам дар хориҷи наздик дахл хоҳад кард.
Ба ин тариқ, NEWS.ru бо истинод ба гуфтаҳои Дмитрий Медведев – нахуствазири пешин дар бораи шумори нави артиши Русия – на камтар аз 1,5 млн нафар хабар медиҳад. Моҳи августи соли 2022 Владимир Путин шумораи ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Русияро аз соли 2023 беш аз 2 млн нафар муқаррар карда буд, ки аз ин шумора 1,15 млн нафарро низомиён ташкил медиҳанд.
Ба ин тариқ, тибқи ҳисоби нашрия, шумори хидматчиёни ҳарбӣ (ҳам тибқи қарордод ва ҳам даъватшавандагон) бояд тақрибан 350 ҳазор нафар зиёд шавад.
Ғайр аз ин, ахиран дар расонаҳо маълумот пайдо шуд, ки аз моҳи апрел то охири соли 2023 дар Русия метавонад як маъракаи густурдаи иттилоотӣ барои ҷалби низомиёни қарордодӣ, гӯё то 400 ҳазор нафар оғоз шавад.
Нимаи моҳи март сокинони бисёре аз минтақаҳои Русия ба гирифтани даъватномаҳо барои ҷамъомади низомӣ ва дақиқ кардани маълумоти бақайдгирии ҳарбӣ шурӯъ карданд; ҳомиёни ҳуқуқ аз 40 вилояти кишвар, аз ҷумла Маскав ва Санкт-Петербург мегӯянд. Асосан, аз мардум хоҳиш карда мешавад, ки барои дақиқ кардани маълумоти бақайдгирии ҳарбӣ ҳозир шаванд, аммо даъватномаҳо барои таълими ҳарбӣ низ мавҷуданд.
Ин маълумот дар баробари амалиёти ҷангӣ дар Украина ба муддати номуайян, дар Русия ва кишварҳои хориҷи наздик, ки шаҳрвандони онҳо дар қаламрави Русия қарор доранд, саволҳои зиёдеро ба миён меорад.
Аз ҷумла, то чӣ андоза эҳтимолияти мавҷи дуввуми сафарбаркунӣ, ки метавонад боиси баста шудани марзҳо ва ҳамчунин ба ин ё он шакл даъвати муҳоҷири меҳнатӣ, шахсони дорои душаҳрвандӣ ва ғайра шавад, имконпазир аст.
Дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ эҳтимоли зиёди даъвати шаҳрвандони нави Русия ё муҳоҷирони корӣ ба артиш баррасӣ мешавад. Ин равиш то ҳадде имконпазир ба назар мерасад – талафоти эҳтимолӣ байни шаҳрвандони нав дар ҷомеаи Русия он қадар назаррас нахоҳанд буд ва аз ин рӯ, боиси норозигии камтари ҷомеа мешавад, ки мақомоти Русия аз он канорагирӣ кардан мехоҳанд.
Аммо, тавре аз хулосаи коршиносон ва ҳомиёни ҳуқуқи башари русиягӣ бармеояд, аксари онҳо бар ин боваранд, ки мақомоти Русия айни замон мавҷи дуввуми сафарбаркуниро эълон намекунад ва танҳо бо афзоиши шумори пешбинишудаи сарбозони қарордодӣ маҳдуд мешавад.
Аз афташ, дар бораи ҳамон миқдори 300-400 ҳазор нафар сухан меравад.
Дар баробари ин, бисьёр чизҳо низ ба он вобаста аст, ки рӯйдодҳо дар Украина чӣ гуна сурат мегиранд ва нақшаи ҷалби сарбозони қарордодӣ то чӣ андоза муваффақона иҷро мешавад.
Ба ин тариқ, нашрияи русиягии Арбат Медиа менависад, ҳукумати Маскав барои ҷустуҷӯи 27 ҳазор сарбози қарордодӣ барои фиристодан ба ҷанг дар Украина супориш гирифтааст. Дар сурати нокомӣ дар Федератсияи Русия, гӯё, мавҷи дуюми сафарбаркунӣ оғоз мешавад.
Аммо хабар дода нашудааст, ки сафарбарӣ дар ин маврид чӣ гуна ва дар кадом шакл ва миқёс сурат мегирад. Ба эҳтимоли зиёд, ин ҳама бо ҷараёни рушди ҳодисаҳо, вобаста ба чӣ гуна амалӣ шудани нақшаи даъвати баҳорӣ ба артиш ҳаллу фасл хоҳад шуд.
Интихобот дар Қазоқистон – поёни транзити ҳокимият?
Рӯзи 9 март интихоботи ғайринавбатии вакилони Маҷлиси парлумони Қазоқистон ва мақомоти намояндагии маҳаллӣ баргузор шуд. Интихоботи пеш аз муҳлати парлумонӣ аз сӯйи президент Тоқаев ду моҳ пас аз дубора интихоб шуданаш бо беш аз 81 дарсади раъйҳо тибқи маълумоти оморӣ, барои давраи дуввум таъин шуд.
Ба ақидаи мухолифини қазоқ, президент интихоботи ғайринавбатиро барои баргузор кардани он дар шароити маъруфияти то ҳол баланди Тоқаев таъин кард, зеро бӯҳрони иқтисодии марбут ба пандемия ва ҷанг дар Украина метавонад ба сатҳи пуштибонии ӯ дар ҷомеа таъсир расонад.
Ба ҳар ҳол, бино ба хабари ТАСС, дар интихобот ҳизби ҳокими "Аманат" пирӯз шуд, ки 53,9% овозҳоро ба даст овард (40 курсӣ дар рӯйхатҳои ҳизбӣ); панҷ ҳизби боқимонда, ки вориди парлумон шуданд, аз 5,2% то 10,2% овозҳо, яъне ба ҳисоби миёна аз панҷ то ҳашт курсӣ (мандат) ба даст оварданд.
Ба ин тариқ, дар Қазоқистон марҳилаи асосии интиқоли қудрат аз президенти аввал Нурсултон Назарбоев ба президенти дуюм Қосим-Ҷомарт Тоқаев воқеан анҷом ёфт; аз элитаи пешинаи сиёсӣ, ки аз замони истиқлолият дар атрофи Назарбоев ташаккул ёфта буд (ба истилоҳ «клани (қавми) Назарбоевҳо») то элитаҳои наве, ки ҳоло дар атрофи президенти дуюм ташкил мешаванд.
Ин раванд ҳамчун «гузариши идорашаванда» оғоз ёфт ва тарҳрезӣ шуд, вақте ки президенти аввал, тавре интизор мерафт, фишангҳои асосии қудратро дар дасти худ гузошта, метавонад ба раванди қабули тамоми қарорҳои муҳим таъсир расонад.
Радиои Азаттык дар ин робита аз китоби тозанашри муаррихи рус Леонид Млечин ёдовар мешавад, ки дар он гуфта мешавад, ки тибқи нақшаи аввали транзит, Назарбоев бояд барои се сол ба курсии президентӣ бармегашт ва Карим Масимов (раиси дастгоҳи президенти Қазоқистон, солҳои 2012-2014), генерал-лейтенанти амнияти миллӣ ва раиси КАМ (2016-2022) мебоист сарвазир "бо салоҳиятҳои номаҳдуд" мешуд.
Оё ин дуруст аст ё не, маълум нест, аммо дар охири соли 2021 маълум шуд, ки Назарбоев аз салоҳиятҳои муҳимтарини худ, аз ҷумла назорат бар ҳизби ҳокими Нур-Отан (он соли 2022 номи “Аманат”-ро гирифт) ва тавассути он – назорат аз болои маҷлис (парлумон) ва ҳукумат маҳрум мешавад.
Интихоботи қаблии парлумонии соли 2021 дар замони Тоқаев баргузор шуда буд, аммо дар он вақт Тоқаев ҳанӯз дар сояи президенти аввал ва амалан “нимапрезидент” буд.
Аммо интихоботи нав назорати ҳукумати нав бар порлумонро мустаҳкам кард ва ба ин маъно бахши расмӣ ва маъмурии транзити қудратро ба анҷом расонд.
Дар маҷмӯъ, транзит ҳам аз қисми сиёсӣ (даст кашидан аз мероси сиёсии Назарбоев) ва ҳам қисми сиёсиву иқтисодӣ (тақсимоти нави моликият, ислоҳоти иқтисодӣ) иборат хоҳад буд ва аз ин рӯ, вақти хеле тӯлониро мегирад.
Аммо дар ҳар сурат, таҷрибаи Қазоқистон дар мавриди интиқоли қудрат аз ҷониби технологҳои сиёсӣ дар саросари Иттиҳоди Шӯравии собиқ бодиққат омӯхта ва таҳлил карда мешавад – дар ниҳоят, бисёре аз кишварҳои пасошӯравӣ бояд ҳамин роҳро паси сар кунанд.