spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Дуроҳаи норӯшан. Тақдири тоҷикони аз Сурияву Ироқ баргашта чӣ гуна хоҳад буд?

Дар муҳити фикрии Тоҷикистон нисбат ба масъалаи офиятбахшӣ ва барқарорсозии баргаштагон баҳсҳои илмӣ миёни масъулин, коршиносон ва пажӯҳишгарон сурат  намегирад. Гуфтумони мазкур то ҷойе ба таври шоиста муаррифӣ нашудааст, гарчанде мустақиман ба суботу амнияти кишвар таъсир дорад. Ангезаи рӯйи қоғаз омадани матлаби мазкур дар ҳамин аст, ки таваҷҷуҳи доираи васъеи пажуҳишгарон ҷалб карда шавад…

Моҳи апрели соли 2019 аз Ироқ 84 нафар кӯдаки аз 1,5 то 15-сола ва моҳи июли соли 2022 аз Сурия 42 нафар зан ва 104 кӯдаки аз 2 то 18 солаи тоҷик ба ватан оварда шуданд. Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳоло дар Сурия ва Ироқ зиёда аз 400 нафар шаҳрвандони кишвар қарор доранд, ки ба эҳтимоли зиёд, дар фурсати наздик ба ватан баргардонида мешаванд.

Дар “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, ки бо фармони Президенти кишвар аз 1-уми июни соли 2021, №187 тасдиқ шудааст, масъалаи баргаштагон ва офиятбахшию барқарорсозии онҳо дар шакли зерин ифода мешавад:

– Шаҳрвандони ихтиёран аз иштирок 1) дар низоъҳои ҳарбӣ дар ҳудуди кишварҳои дигар даст кашида ва ба Ватан баргашта; 2) дар ташкилотҳои экстремистию террористии фаъолияташон дар ҳудуди Тоҷикистон бо қарори суд манъшуда даст кашиданд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуданд. Эзоҳ: иқдоми мазкур, ки дар давраи татбиқи Стратегияи аввалин сурат гирифта буд, барои ба Ватан баргаштани теъдоди муайяни шаҳрвандон мусоидат намуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Лаҳзаи бозгардонии шаҳрвандони Тоҷикистон аз Ироқу Сурия

– дар банди 12 омилҳои ба паҳншавии экстремизм, шомилшавӣ ба гуруҳҳои тундрав ва содир шудани чунин ҷиноятҳо мусоидаткунанда, аз ҷумла “мавҷуд набудани механизми дақиқи барқарорсозӣ ва ба ҳаёти муқаррарӣ мутобиқ кардани ҷангиён-террористони баргаштаистода, занону кӯдакони ба онҳо алоқаманд, инчунин шахсони аз иштирок дар ҳизбу ҳаракатҳои манъшуда дасткашида” номбар мешаванд. Эзоҳ: дар матни Стратегия эътирофи “набудани механизми барқарорсозӣ” имкониятро барои пажӯҳишгарон ва дигар ҷонибҳои манфиатдор барои таҳияи чунин равиш ба вуҷуд меорад. Ин нукта, воқеӣ ва мутобиқ ба вазъи мавҷуда таҳия шудани Стратегияро собит менамояд.

– дар бахши “Самтҳои асосии муқовимат ба экстремизм ва терроризм” дар ду  маврид ба масъалаҳои баргаштаҳо таъкид шудааст. Нахуст, “дар самти баланд бардоштани нақши дин ва ташкилотҳои динӣ дар фаъолияти профилактикӣ” зикр мешавад, ки шахсоне, ки дар муассисаҳои ғайрирасмии таълими динии хориҷӣ таҳсил мекунанд, барои ба Ватан бозгаштан ҳавасманд гардида шаванд ва ба гардиши васеъи ҷомеа ворид шудани онҳо оромона сурат гирад. Зербанди 12 пурра ба офиятбахшӣ ва барқарорсозии шахсони гузаштаи экстремистӣ ё террористидошта бахшида шудааст, ки на танҳо баргаштаҳо, балки доираи васеъи мардуми чунин собиқа доштаро фаро мегирад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Аз Сурияву Ироқ 120 тоҷикистонӣ ба ватан баргаштанд

Аз ҷумла, зикр мегардад, ки 1) сатҳи маълумотнокӣ ва таҳаммулпазирии ҷомеаи маҳаллӣ нисбат ба чунин шахсон баланд бардошта шавад; 2) барномаи офиятбахшӣ ва барқарорсозии маҳбусони содир намудаи чунин ҷиноятҳо, аз ҷумла маҳкумшуда барои иштирок дар низоҳои ҳарбӣ дар қаламрави кишварҳои хориҷӣ таҳия гардад; 3) барои баргардонидан, солимгардонии тиббию равонӣ, бо ҷойи кор таъмин намудан, бо таҳсил фаро гирифтани занону кӯдаконе, ки аз минтақаи амалиётҳои ҷангӣ баргардонида шуда ё мешуда чораандешӣ шавад; 4) офиятбахшӣ ва барқарорсозии ҷангиён-террористоне, ки ба Ватан баргаштаанд ва шахсоне, ки ихтиёран аз сафи созмонҳои мамнуъ берун шуданд. Эзоҳ: чор нуктаи зербанди 12 руйкарди давлатиро дар самти офиятбахшӣ ва барқарорсозии ҳам баргаштаҳо ва ҳам маҳбусони чунин ҷиноят содир намударо муаррифӣ мекунад.

Нуктаҳои зикршуда, бори дигар собит мекунад, ки коршиносон ва пажӯҳишгарон ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳ кунанд, чун он аҳамияти муайяни амалӣ ва таъсири мустақим ба таъмини суботу амният дорад. Аз ин рӯ, зарурати матраҳ намудани мавзӯъро собит мекунад.

Моҳияти мавзӯъ

Пажӯҳиши муҳтавои расонаҳои Тоҷикистон нишон медиҳад, ки дар бораи баргаштагон ривоятҳои мухталиф мавҷуданд ва дидгоҳи устувор дар бораи офиятбахшӣ ва барқарорсозии онҳо вуҷуд надорад. Масъалаи мазкур бо силсилаи саволҳои кушоди ин соҳа гиреҳ мехурад:

– оё офиятбахшӣ ва барқарорсозии баргаштагон кори беҳуда нест? (чун гумони ғолибе вуҷуд дорад, ки онҳо ислоҳ намешаванд, чун зеҳнҳои онҳо бо андешаҳои ифротӣ заҳролуд шудааст);

– барои офиятбахшӣ ва барқарорсозии баргаштагон имконоти иловагии молиявӣ ва кадрӣ мавҷуд аст? (чун таҷрибаи Ӯзбекистон ва Қазоқистон нишон медиҳад, ки барои амалисозии комили ин иқдом сармоя ва теъдоди муайяни мутахассисонро бояд сафарбар намуд. Ба ин нигоҳ накарда, эҳтимоли ба натиҷаи мусбат расидани онҳо кам аст, чун мададу дастгирии васеъи давлатӣ ба чунин афрод, то андозае норозигиро дар байни қишрҳои дигари камбизоат ба вуҷуд оварданаш мумкин аст);

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Кӯдакони аз Сурияву Ироқ баргардонидаро ҳанӯз ба хешовандонашон намедиҳанд

– барои пешгирии экстремизм ва терроризм дар ҷомеа, хосатан барои такроран ифротӣ нашудани ин афрод чӣ кор бояд кард, кадом механизм бояд истифода шавад? (посухи саҳеҳ ба саволҳои мазкур вуҷуд надорад, чун масъала нозуку ҳассос аст).

Новобаста аз он ки аввалин маротиба масъалаи офиятбахшии баргаштагон 10 сол пеш, соли 2013 ба фазои иттилоотӣ ворид шуд, дар ин хусус баҳсҳои ҷиддӣ ва матлабҳои таҳлилӣ нашр нашуданд. Тули 10 соли охир гуфтумони баргаштагон дар шаклу зовияи мухталиф истифода ва садо додааст. Перомуни мавзӯъи мазкур ҳамоишҳо низ баргузор шудаанд, ки сарфи назар аз онҳо, барои доираи васеъи мардум нисбат ба баргаштаҳо ва кадом иқдомҳоро дар самти онҳо рӯи даст гирифтан – нофаҳмо боқӣ мондааст. Иттилоърасонӣ ба мардум – ҷузъи муҳими кор аст, чун ҳам унсурҳои гуманистии сиёсати давлатӣ ва ҳам нарративҳои мувофиқ ба онҳо муаррифӣ мешаванд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Лаҳзаи бозгардонии шаҳрвандони Тоҷикистон аз Ироқу Сурия

Дар Тоҷикистон таҷрибаи худии офиятбахшӣ ва барқарорсозии баргаштагон мавҷуд аст ва он бештар нисбат ба гурезаҳо ва дигар афрод баъди анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ татбиқ шуда буд. Мусаллам аст, ки таҷрибаи мазкур нисбат ба баргаштаҳо аз қаламрави Сурия ва Ироқ кор намекунад, чунки ангезаи берун аз Ватан рафтани ин ду гуруҳ гуногун мебошад. Эҳсос мешавад, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон нисбат ба баргаштаҳо “беэътимодии солим” ба назар мерасад ва бозгӯкунандаи шаклгирии масунияти муайян дар баробари ифротгароӣ ва оқибатҳои он аст. Баргузории ҳамоишҳо нишон дод, ки мардум моҳияти гуманистии мавзӯъро дарк мекунанд. Вале саволҳое дар зеҳнашон пайдо мешаванд ва ба онҳо посух надоранд. Аз ин рӯ, як иқдоми муҳим ин роҳандозии пажӯҳиши сифатӣ ва муҳтавоӣ дар бораи баргаштагон буда метавонад, то иттилорасонӣ ба мардум ва дигар маъракаҳои иттилоотӣ мутобиқ ба интизорӣ ва эҳтиёҷи онҳо сурат гирад.

Аз ҳавою ҳавас то мағзи сироятёфта

Нуктаи дигар ин шубҳа нисбат ба ислоҳ шудану дубора ба ҳаёти осоишта рӯй овардани баргаштаҳо аст, ки то кадом андоза он имконпазир мебошад. Чун бархе афрод нисбат ба ислоҳи пурраи баргаштаҳо эътимоди комил надоранд. Мавҷуд будани беэътимодии солим гувоҳӣ аз он медиҳад, ки мардум дар бораи оқибатҳои қабули чунин афрод ба ҷомеа фикр мекунанд. Дар ҳамин асно барои ба ҷомеа қабул кардан ва ё накардани баргаштаҳо силсилаи далелҳоро овардан мумкин аст. Вале табъиз дар ҳар шакле, ки набошад – ғайриқобили қабул аст. Роҳандозии иттилорасонӣ ба мардум бо зикри ин нуктаҳо аз аҳамият холӣ нест.

Коршиноси ватанӣ Рустам Азизӣ ифротиҳоро ба се гуруҳ ҷудо мекунад. Гуруҳи якум, бо ҳавою ҳавас ба ин роҳ рафтаҳо мебошанд. Онҳо бинобар сабаби таваҷҷуҳ, ё роҳгум задан, ё зери таъсир мондан, ё худро ҷузъи гуруҳи муҳиме шуморидан ба сафи созмонҳои эстремистӣ шомил шуданд. Мағзи онҳо то ҳанӯз заҳролуд нашудааст ё агар сироят ёфта бошад ҳам, имкони ба ҳаёти осоишта баргардонидани онҳо имконпазир мебошад. Ин теъдод афрод ислоҳ мешаванд ва татбиқи иқдомҳои офиятбахшӣ ва барқарорсозӣ нисбат ба онҳо натиҷаи муайяне ба бор хоҳад овард. Албатта, ин шароит аз вақту замон ва касбияти мутахассисони ҷалбшуда вобаста мебошад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Бисёре аз кӯдакон танҳо бо забони арабӣ гап мезананд. Пешвози хатсайри махсус аз Ироқ

Гуруҳи дуюм, қурбониҳои ифротишавӣ ҳастанд. Инҳо ҳамсар ва фарзандони ифротиҳо мебошанд, ки бинобар ба минтақаҳои ҷангзада рафтани ҳамсари худ ба онҷо сафар намуданд ё бо маҷбур кардани сарвари хонавода рафтор ва рамзҳои зоҳирии худро тағйир доданд. Мағзи инҳо низ пурра сироят нашудааст ва имкони ислоҳу ба ҳаёти осоишта баргаштанашон мавҷуд аст. Аммо, нисбат ба онҳое, ки аз Ироқ ва Сурия оварда шуданд, эҳтимол ин тафсир кор накунад. Чунки ба афкори ин занону кудакон собиқаи зиндагӣ дар давлатҳои ҷангзада ҳатман осори худро гузоштааст ва аз ин рӯ, ислоҳу барқарорсозии онҳо мушкил аст.

Гуруҳи сеюм, он афроде ҳастанд, ки мағзашон сироят дида, ҳувияти худро тағйир ва арзишҳои зиндагии худро комилан дигар кардаанд. Ба эҳтимоли зиёд чунин афрод ислоҳнопазир ҳастанд.

Аз ин рӯ, дар офиятбахшӣ ва барқарорсозии баргаштагон бархурди инфиродӣ ниҳоят муҳим аст, то равоншиносу диншиносу ҳуқуқшинос ва дигар масъулин ташхис диҳанд, ки оё ислоҳи онҳо имконпазир аст. Агар ҳа, пас роҳандозии иқдомҳо натиҷа медиҳад, агар не, пас ҳама гуна кор беҳуда мебошад.

Дар мавриди офиятбахшӣ ва барқарорсозии баргаштагон рӯй овардан ба омилҳои сохтории экстремизм, ба хусус дар иртибот ба пешгирии он дар муҳити баргаштагон аз аҳамият холӣ нест. Пажӯҳишгарони соҳа перомуни омилҳои ҷалбкунанда, такондиҳинда, инфиродӣ ва боздоранда суҳбат мекунанд. Арзёбии масъала нишон медиҳад, ки ҳар кадоми онҳо то ҷойе унсури инфиродӣ буда, ҳам ба ҳайси калиди ифротишавӣ ва ҳам бавуҷудоварандаи масуният баромад мекунад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Занҳои тоҷик дар додгоҳи Ироқ

Омили ҷалбкунанда чист?

Ин маҷмӯи шароит ё ҳолатҳое аст, ки ба ҳайси унсури кулл баромад намуда, пеш аз ҳама таблиғоти экстремистӣ мебошад. Тариқи он ҷаллобони созмонҳои экстремистӣ афроди мавриди назари худро ба сафи худ ҷазб месозанд. Таблиғоти зиддиэкстремистие, ки роҳандозӣ мешавад, имкони бештари ҷалбкунӣ ба роҳи солимро дорад. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳ намудан ба чунин ҷанба аз аҳамият холӣ нест.

Омили такондиҳанда чист?

Бештар ангезаи шахсӣ ё майл ба сӯйи таблиғоти эктремистӣ аст, ки инсонро барои ба ин роҳ рафтан такон медиҳад. Дар мавриди таблиғоти зиддиэкстремистӣ бошад, ин омилҳо барои ислоҳ шудан ё тағйир додани ҷаҳонбинӣ сабаб мешавад. Аз ин рӯ, пайдо намудани омилҳои такондиҳанда барои ислоҳ шудан аз аҳамият холӣ нест.

Омили инфиродӣ чист?

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Дар зиндонҳои Сурия ва Ироқ 48 занони тоҷик қарор доранд

Таҷрибаи пажӯҳиши масъала нишон медиҳад, ки чӣ дар ифротишавӣ ё пайдо намудани масуният ба он омили мазкур нақши ҳалкунанда дорад. Яъне, инсоне, ки ифротӣ шуд, худаш инро хост. Яъне агар майли рафтан ба ин роҳро надошта бошад, пас омилу шароити зиёде наметавонанд таъсир расонанд. Дар ислоҳ ва ба ҳаёти осоишта баргаштани собиқ ифротиҳо омили инфиродӣ нақши бузург дорад, чун агар хоҳиши воқеӣ пайдо шуд ё чунин хоҳиш ба вуҷуд оварда шуд, ҳатман ислоҳ сурат мегирад.

Омили боздоранда чист?

Силсилаи шароиту ҳолате мебошад, ки ҳамчун садд нисбат ба ифротишавӣ баромад мекунад. Яъне номгуйи вобастагиҳо ё арзишҳое мебошанд, ки инсонро намегузорад ифротӣ шавад. Пайдо намудани чунин омилҳо муҳим аст ва яке аз онҳо муҳаббат ба ҳаёт ва эгоизми инсонӣ мебошад. Бидуни баҳс ҳар як инсон пеш аз ҳама худашро дӯст медорад ва ҳаёташро дар хатар намегузорад. Бинобар ин, бо вуҷуди фарогир будани таблиғоти экстремистӣ – он ба доираи васеъи мардум таъсир намерасонад ва онҳоро ифротӣ намекунад, чун омилҳои боздоранда кор мекунанд. Дар мавриди офиятбахшӣ ва барқарорсозии баргаштаҳо ва ифротиҳои собиқ бошад, номгуйи омилҳои боздоранда намегузоранд, ислоҳ шавад ё ба ҳаёти осоишта баргардад. Аз ин рӯ, пайдо намудани роҳ барои шикасти ин садд дар кори ислоҳсозӣ ниҳоят муҳим мебошад.

Хулоса

Дар самти офиятбахшӣ ва барқарорсозии баргаштагон дуроҳаҳо мавҷуданд ва ислоҳу ба ҳаёти осоишта баргардонидани онҳо танҳо аз дуруст таҳия шудани механизми кор бо онҳо вобаста аст.

Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи Барномаи рушди СММ «Дастгирии Иттиҳоди Аврупо ва СММ ба давлатҳои Осиёи Марказӣ барои шаҳрвандони кишварҳои сеюм, ки онҳоро аз Сурия ва Ироқ баргардониданд» ва зерлоиҳаи «Иттилоърасонии аҳолӣ оид ба офиятбахшӣ ва барқарорсозии бозгаштагон» таҳия гардидааст. Зерлоиҳа бо дастгирии техникии созмони ҷамъиятии «Таҳлил» амалӣ мешавад. 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...