Донишҷӯёни мактабҳои олии Тоҷикистон шояд ба имтиҳонсупорӣ ва ҳимояи рисолаҳои дипломии пеш аз муҳлат омодагӣ мегиранд. Ин кор гӯиё барои он сурат мегирифтааст, ки донишҷӯён дар ҳамин даъвати баҳорӣ ба хидмати ҳарбӣ рафта тавонанд. “Азия-Плюс” тасмим гирифт, ки ба ин масъала рӯшанӣ андозад.
Чӣ гап шуд?
“Омӯзгорон ба мо гуфтанд, ки корҳои дипломиамонро ба охир расонида, то охири моҳи март супорем.
Ин бо он сабаб аст, ки шояд имтиҳони давлатӣ ва ҳимояи корҳои дипломӣ дар муқоиса бо соли гузашта барвақттар гузаронида шаванд”, – мегӯяд донишҷӯдухтари соли 4-уми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Ба гуфтаи ӯ, аввали моҳи март омӯзгорони факултаи онҳо гуфтаанд, ки шояд давраи супурдани имтиҳонҳои давлатӣ ва ҳимояи рисолаҳои дипломӣ ба вақти дигар гузаронида шавад. Ин гуфтаҳои ӯро донишҷӯёни факултаҳои дигари донишгоҳ тасдиқ карданд.
Ба қавли донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, дар ин муассисаи таълимӣ ин масъала баррасӣ намешавад.
“Имтиҳонҳои давлатиро таври маъмулӣ дар моҳи май месупорем, ҳимояи кори дипломӣ ҳам мисли пешин”, – хабар дод вай.
Ҳуқуқшиносони ҷавон – ТАРАФДОР
Донишҷӯёни факултаи ҳуқуқшиносӣ аз ин қарор истиқбол мекунанд, зеро дар давраи ҳамин даъват метавонанд ба хидмати ҳарбӣ рафта, тезтар ҷойи кор ёбанд.
“Хурсандам, ки донишгоҳ дар бораи мо фикр мекунад. То даъвати дигар интизор шудан лозим нест”, – мегӯяд яке аз донишҷӯёни факултаи ҳуқуқшиносӣ.
Мувофиқи тағйирот ба қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ” аз 20 январи соли 2021, танҳо шахсоне, ки хидмати ҳатмии ҳарбиро адо кардаанд, ба кор дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қабул карда мешаванд.
Соли 2022 беш аз 2,3 ҳазор донишҷӯён дар Тоҷикистон ихтиёрӣ ба хидмати ҳарбӣ рафтанд. Инҳо асосан хатмкунандагони факултаҳои ҳуқуқшиносӣ буданд.
Фармон нест?
Барои рӯшанӣ андохтан ба масъала “Азия-Плюс” ба ректорати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон муроҷиат кард. Котиби ректор посух дод, ки дарвоқеъ ҳам онҳо донишҷӯёнро ба пеш аз муҳлат супурдани имтиҳонҳои давлатӣ омода мекунанд, вале ҳамзамон зикр кард, ки аз ҷониби Вазорати маориф дар ин бора фармон нагирифтаанд.
Намояндаи Донишгоҳ шарҳ дод, ки агар касе аз донишҷӯён хоҳиш дошта бошад, ки ба хидмати ҳарбӣ равад, донишгоҳ ба ӯ барои пеш аз муҳлат супурдани имтиҳонҳо имкон медиҳад.
Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон низ ба ин монанд посух доданд – агар донишҷӯён ихтиёрӣ ба артиш рафтан хоҳанд, онҳо метавонанд ариза навишта, пеш аз дигарон имтиҳон супоранд.
Дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Осимӣ ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуданд, ки вақти супурдани имтиҳонҳо тағйир дода нашудааст.
Дар Вазорати маориф ба “Азия-Плюс” изҳор намуданд, ки чунин фармон нест: “Ин овозаҳо дурӯғанд”.
Донишҷӯён ҳам акнун хидмат мекунанд
Тағйироти нав ба қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ” акнун ба донишҷӯёни макотиби олӣ низ дахл дорад. Қаблан ба шаҳрвандоне, ки барномаи омодакунии афсарони эҳтиётиро дар кафедраи ҳарбии муассисаҳои давлатии таълимӣ хатм мекарданд, пас аз гузаштани ҷамъомади якмоҳаи ҳарбӣ унвони афсари эҳтиётӣ дода мешуд.
Акнун танҳо баъди гузаштан аз хидмати ҳатмии ҳарбии 12-моҳа рутбаи афсарӣ дода мешавад. Тибқи қонуни нав, донишҷӯён ҳам бояд хидмат кунанд, лекин то хатми мактаби олӣ ба онҳо муҳлат дода мешавад.
Пас аз хатми таҳсил донишҷӯёни мактабҳои олӣ ба мисли магистранту аспирантҳо бо асосҳои умумӣ ба хидмат даъват карда мешаванд.