Тоҳир Хайруллоев, муовини Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) рӯзҳои 27 – 31-уми марти соли ҷорӣ, бо мақсади мушаххас кардани ҳолати сарҳади давлатии Тоҷикистон, талаботи Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ба аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва воситаҳои техникии ҳифзи сарҳад аз қитъаи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистон дидан кард.
Дар ин бора дафтари матбуотии СААД хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, зимни ин сафар, гурӯҳи корӣ ва коршиносони хадамоти марзбонии кишварҳои узви СААД аз мавзеъҳои нерӯҳои марзбонии Панҷ, Ҳамадонӣ, Шӯрообод ва Дарвоз дидан кардаанд.
“Аз рӯи натиҷаҳои сафар гузориш бо арзёбии ҳолат, вазъият ва таъминоти Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аслиҳа, техника ва воситаҳои техникӣ омода карда шуд”, – навиштааст манбаъ.
Бояд гуфт, ки қитъаи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистон аз осебпазиртарин ва хатарноктарин қитъаи сарҳад барои кишварҳои узви созмони СААД дониста мешавад.
СААД созмони ҳарбӣ мудофиавии минтақавӣ мебошад, ки давлатҳое чун Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус ва Арманистон аъзои он мебошанд.
Бояд гуфт, ки қаблан мақомоти Тоҷикистон Тоҷикистон аз афзоиши хатар дар минтақаи марзии Тоҷикистону Афғонистон изҳори нигаронӣ карда, зикр намуда буданд, ки дар манотиқи кишвари ҳамсоя гуруҳҳои зиёди террористӣ таҷаммуъ кардаанд.
Аз ҷумла, Насимҷон Раҷабзода, муовини аввали фармондеҳи Нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон, зимни суханронии худ дар ҳамоиши байналмилалии зиддитеррористӣ таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон”, дар моҳи декабри соли 2022, гуфта буд, ки “Тоҷикистон ба танҳоӣ қодир ба ҳалли мушкилоти марзӣ бо Афғонистон нест”.
“Аз соли 2013 то имрӯз Тоҷикистон барои тақвияти марзҳояш бо Афғонистон ҳудуди 77 миллион доллар донор дарёфт кардааст, аммо ин кумакҳо кофӣ нестанд ва барои тақвияти бештари марз ёриҳои иловагӣ зарур аст”, – гуфта буд Насимҷон Раҷабзода.
Мавсуф аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳо дархост карда буд, ки ба кишвар силоҳу таҷҳизоти замонавӣ ва ҳамчунин ҳавопаймоҳои бесарнишин барои назорати манотиқи дур ва дастнораси куҳӣ фиристанд.
Илова бар ин, Шералӣ Хайруллоев, собиқ вазири мудофиаи Тоҷикистон зимни як суҳбати худ дар “Военной приемки”-и телевизиони “Звезда” гуфта буд, ки пас аз хуруҷи нерӯҳои Амрико вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон на танҳо беҳтар намешавад, балки бадтар мешавад.
“Пас аз тарки Афғонистон кардани ИМА мушкил ҷиддӣ гардид. Ба ҳар ҳол, мо бо Афғонистон 1400 километр марз дорем. Дар он ҷо на танҳо маводи мухаддир, балки дигар мушкилот ҳам ҳастанд. Дар сарҳади мо бо Афғонистон амалан рӯзе нест, ки задухӯрд набошад. Хуб, ин бештар байни фурӯшандагони маводи мухаддир ва қочоқчинёни маводи мухаддир аст. Ҳар рӯз. Аз ин рӯ, вазъ дар ин қисмати марз беҳтар намешавад. Ҳар сол бадтар мешавад”, – гуфт Шералӣ Хайруллоев.
Гуфтан ба марид аст, ки вазъи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон қабл аз тарки ин кишвар намудани нерӯҳои Амрико низ нигаронкунанда арзёбӣ мешуд. Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сари ҳар чанд вақт аз боздошту кушта шудани қочоқчиёни маводи мухаддир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон иттилоъ пахш менамуд.