Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ бо истинод ба Агентии обуҳавошиносӣ хабар медиҳад, ки рӯзҳои 3-7 апрели соли равон бар асари боронҳо дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ғарби ВМКБ омадани селҳо аз эҳтимол дур нест.
Гуфта мешавад, рӯзҳои 4-6-уми апрел дар рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки дар ҷануби қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, сатҳи об боло меравад.
Кумита огоҳ мекунад, ки бар асари боришоти шадид метавонанд ин гуна ҳодисаҳои ногаҳонӣ рух диҳанд:
— эҳтимоли афзудани шумори садамаҳо дар роҳҳо, бахусус дар роҳҳи кӯҳиву ағбаҳо, маҳдуд шудани ҳаракати мошинҳо бар асари хатари селҳо дар роҳҳои мошингард;
— дар сурати вайрон шудани системаи захбурҳо, ҷӯйҳо ва каналҳо аз серборишӣ зери об мондани эҳтимолии маҳалҳои аҳолинишин;
—эҳтимоли зери об мондани қисмате аз роҳҳо, болоравии сатҳи об дар дарёчаҳо ва берун шудани он аз маҷро ва ҷорӣ гаштанаш дар роҳҳо, ки метавонад сабаби зери об шудани майдонҳои кишти сари роҳ гардад.
Илова бар ин, КҲФ ҳушдор медиҳад, ки ҳавои номусоид метавонад боиси осеб дидани ноқилҳои барқ, шикастани дарахтон, осеб дидани боми хонаҳо, иншооти таблиғотиву рекломҳо шавад.
Тавсия дода мешавад, ки аз ин рӯ, ҳангоми дар берун будан аз наздик шудан ба хастҳои интиқоли барқ, дарахтон, лавҳаҳои таблиғотӣ ва иншооти камэътимод худдорӣ намоед.
Кумита аз сокинон хоҳиш мекунад қоидаҳои бехатариро риоя намоянд. Дар чунин рӯзҳои сербориш рафтан ба саҳрову доманкӯҳҳо ба қасди ҷамъварии занбӯруғ, чорворчаронӣ, моҳидорӣ ё шикор маслиҳат нест.
Зикр мегардад, ки дар ҳоли пеш омадани ин ё он ҳолати фавқулода бо телефонҳои 112; (+992) 93 880 28 19, 223 13 11 хабар диҳед.