spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Бонки ҷаҳонӣ ба мақомоти Тоҷикистон тавсия дод, ки аз имтиёзҳо дар пардохти андоз даст кашанд

Таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия додаанд, ки низоми андозбандиро тариқи кам кардани имтиёзҳо бозбинӣ кунад.

“Ин метавонад заминаи андозро густариш бахшида, нобаробариҳоро кам кунад”, – гуфта мешавад дар Гузориши хароҷоти давлатӣ дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби ин ниҳод таҳия шудааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Аз пардохти андоз озод. Киҳо дар соли 2023 соҳиби имтиёз мешаванд?

Қаблан намояндагони Хазинаи байнулмилалии асъор ба ҳукумати ҷумҳурӣ тавсия дода буданд, ки аз додани имтиёзҳо дар пардохти андоз комилан даст кашад.

Густариши заминаи андозоро тариқи пурра даст кашидан аз имтиёзҳо дар пардохти андоз онҳо барои афзоиши маблағгузорӣ ба соҳаҳои муҳиме чун тандурустӣ ва маориф, инчунин ҳифзи иҷтиомии аҳолӣ зарур медонанд.

Дар Кумитаи андоз қаблан ба “Азия-Плюс” хабар дода буданд, ки дар соли 2022 дар натиҷаи ҷорӣ шудани имтиёзҳо аз пардохти андоз ба буҷет 3,8 млрд сомонӣ (зиёда аз 370 млн доллар) камтар маблағ ворид шуд.

Ин нишондиҳанда ба 25%-и маблағи умумии воридот ба буҷет (15,4 млрд сомонӣ) аз пардохти андозҳо дар соли гузашта баробар аст.

Додани имтиёзҳоро дар Кумитаи андоз “ба ҷалби ҳаҷми зиёди сармоягузорӣ ба иқтисоди кишвар” асоснок мекунанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар паёми ахири худ зикр кард, ки то ин дам дар пардохти андозу боҷҳои гумрукӣ 120 имтиёзу сабукиҳо ҷорӣ шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, меъёрҳои 5 навъи андозҳо коҳиш ё бекор шуда, дар соли 2022 аз ин ҳисоб зиёда аз 1,5 млрд сомонӣ ба сифати дастгирӣ дар ихтиёри субъектҳои соҳибкорӣ нигоҳ дошта мешаванд.

“Дар натиҷа соли 2022 шумори субъектҳои соҳибкорӣ ба 339 ҳазор расид, ки 76 ҳазор зиёдтар нисбат ба соли 2018 аст”, – изҳор дошт сарвари давлат.

Ғайр аз ин, мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ дар Гузориши худ ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод мекунанд, ки “меъёри андозҳоро ба молҳои дорои самараи манфии зоҳирӣ” зиёд кунад.

Зери ин мафҳум ба эҳтимоли зиёд аксизҳое дар назар дошта шудааст, ки маъмулан ба маҳсулоти зараровар ба солимии инсон ва муҳити зист (машрубот, тамоку, маводи сӯзишворӣ ва ғайра) ҷорӣ мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки аз 1 январи соли 2022 дар Тоҷикистон Кодекси андоз дар таҳрири нав амал мекунад, ки дар он меъёрҳои нисбатан сабук аз рӯи баъзе андозҳо пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...