spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев дар Душанбе кадом масъалаҳоро баррасӣ карданд?

Рӯзи 5 апрел Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар Қасри миллат пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуд.

Дар ҷараёни мулоқоту музокироти хоссаи сарони давлатҳо ва бо иштироки ҳайатҳои расмӣ тамоми ҷанбаҳои муносибатҳои байнидавлатии ду кишварро баррасӣ ва атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмиллалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.

Эмомалӣ Раҳмон ҷараёни тамосҳои мунтазами сиёсиро, ки дар ташаккул ва пешбурди пурсамари рӯзномаи муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон нақши калидӣ доранд, бо қаноатмандӣ зикр кард.

“Тайи сӣ соли равобити дипломатӣ Тоҷикистону Озарбойҷон тавонистанд механизмҳои муассири ҳамкориро бунёд намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданд, ки имрӯз ба нафъи ду халқи бародар хизмат мекунанд”, – изҳор дошт сарвари давлати Тоҷикистон.

Масъалаҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ба таври муфассал баррасӣ шуда, дар бораи андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати рушди минбаъдаи ин самти муносибатҳо тавофуқ ҳосил шуд.

Дар ин зимн ҷонибҳо ба самтҳои ҳамкорӣ, аз қабили сармоягузорӣ, кооператсияи саноатӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва маҷмуи сӯзишворию энергетикӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Таъкид гардид, ки дар соҳаи кооператсияи саноатӣ барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои саноати сабук, кимиё ва маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, коркарди алюминий, нахи пахта, сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо ва металлҳо имкониятҳои зиёд мавҷуд аст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Имзои санади ҳамкорӣ байни бонкҳои Тоҷикистону Озарбойҷон

Дар бахши энергетика, Пешвои миллат ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро оид ба иштироки ширкатҳои озарбойҷонӣ дар коркарди конҳои нафту гази Тоҷикистон таъйид намуданд.

Дар соҳаи нақлиёту транзит оид ба истифодаи фаъолтар аз имконоти транзитии Озарбойҷон ва афзоиши ҳаҷми ҳамлу нақли борҳои сохторҳои давлатӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон табодули андеша сурат гирифт.

Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Озарбойҷон ҷиҳати пуштибонӣ аз ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим изҳори сипос кард.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Озарбойҷон маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуда, дар ҳузури сарони давлатҳо 14 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокирот бо Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни изҳороти матбуотӣ таъкид кард, ки давоми сӣ соли равобити дипломатӣ байни давлатҳо, Тоҷикистону Озарбойҷон тавонистанд механизмҳои муассири ҳамкориро бунёд намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданд, ки имрӯз ба нафъи ду халқи бародар хизмат мекунанд.

“Натиҷаҳои музокирот ба мо имкон медиҳанд, ки ба рушди равобити байни давлатҳоямон бо некбинии бузург ва умедҳои нек назар намоем”, – изҳор дошт дар анҷом Эмомалӣ Раҳмон.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...