Хуршед Фозилов, рӯзноманигори тоҷик, ки рӯзи 6-уми март аз сӯи мақомот боздошт шуд, бо иттиҳоми узвият дар созмонҳои мамнуъ (моддаи 307 иловаи 3 қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ) гумонбар мешавад ва худаш гуфтааст, ӯро маҷбур карданд, зидди худ гувоҳӣ диҳад ва худро гунаҳкор ҳисобад.
Дар ин бора Дилафрӯз Самадова, вакили дифои ӯ хабар медиҳад.
Ӯ, имрӯз, 7-уми апрел дар саҳифаи фейсбукаш навишт, ки Хуршед Фозилов узвият дар ҳама созмонҳои мамнуъро рад карда гуфтааст, “фаъолияташ дар доираи қонунгузорӣ ва сиёсати кишвар” буд.
Дилафрӯз Самадова навиштааст, ки Хуршед Фозилов дар оғоз бо иттиҳоми итоат накардан ба амри корманди ниҳоди қудратӣ (моддаи 479 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ) боздошт мешавад.
“Сабабаш ба гуфтаи Хуршед ин аст, ки ӯ дар аввал аз додан ва боз кардани телефон худдорӣ кард, вале баъдан маҷбур шуд, ки телефонро кушояд. Ӯро барои 5 рӯз ба ҳабси маъмурӣ маҳкум карда, дар бинои шуъбаи Кумитаи давлати амнияти миллӣ дар шаҳри Панҷакент нигоҳ медоранд. Дар ин муддат аз ӯ дар бораи фаъолияташ пурсидаанд,”-навиштааст, ӯ.
Ин вакили дифоъ гуфтааст, ки Хуршед Фозилов изҳор дошт, ки ӯро маҷбур карданд, зидди худ гувоҳӣ диҳад ва худро гунаҳкор ҳисобад.
Гуфта мешавад, ки Хуршед Фозилов аз боздошти худсарона, риоя накардани дахлнопазирии шахсӣ ва маҷбуран нишондод додан алайҳи худ, ба додситонии вилояти Суғд шикоят кардааст.
Қаблан, Хушбахт Фозилов, бародари рӯзноманигор гуфта буд, ки Хуршед Фозилов ба “даъвати оммавӣ барои бо зӯр тағйир додани сохти конститутсионӣ” гумонбар аст.
“Мақомот Хуршедро бар асоси моддаи 307, қисми 2, банди “г”-и Кодекси ҷиноӣ (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет) муттаҳам кардаанд. Ҳоло вакили мудофеъ машғули ҳимояи ҳуқуқии бародарам аст”, – гуфт Хушбахт Фозилов.
Ин дар ҳолест, ки то ҳол мақомот қазияи боздошт ва иттиҳоми Хуршед Фозиловро расман шарҳ надодаанд.
Хуршед Фозилов, рӯзноманигори 37-солаи тоҷик, аз минтақаи Зарафшон барои расонаҳо хабару гузориш менавишт ва пас аз нисфирӯзии 6-уми март, дар дохили Идораи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии шаҳри Панҷакент аз сӯйи афроди ношинос, ки дар тан либоси мулкӣ доштанд, дастгир ва ба сӯйи номаълум бурда шуд.
Қаблан, Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон (CPJ) аз мақомоти Тоҷикистон хоста буд, ки ин рӯзноманигорро раҳо карда, ба таъқиби хабарнигорон хотима диҳад.
Дар изҳороти ин созмон, ки рӯзи 17-уми март, интишор гардид, бо истинод ба манбаи огоҳ аз қазия гуфта мешавад, ки “мақомот Фозиловро ба ширкат дар созмонҳои мамнӯи ифротӣ муттаҳам мекунанд, аммо иттиҳоми мушаххасе алайҳи ӯ ифшо накардаанд. Дар сурати собит шудани иттиҳом ба ӯ тибқи қонуни ҷиноии Тоҷикистон метавонад аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид кунад”.
Гулноза Саид, ҳамоҳангсози барномаҳои Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ гуфта буд, ки “бояд сабаби дақиқи боздошти Фозиловро ифшо кунанд ё ӯро дар қатори дигар рӯзноманигорони зиндонӣ фавран раҳо кунанд”.
Дар изҳороти ин созмон аз он нигаронӣ шуда буд, ки рӯзноманигор пас аз боздошт “наздики як ҳафта ба вакили дифоъ дастрасӣ надошт” ва алайҳи ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ “таблиғи тӯҳматҳои шахсии ин рӯзноманигор шурӯъ карданд”.
Хуршед Фозиловро чанд сол пеш, ҳамроҳи чанд рӯзноманигори дигар, дар яке аз барномаҳои телевизони Тоҷикистон ҳамчун ҳамкори сомонаи хабарии “Ахбор” (фаъолияташ дар Тоҷикистон манъ шудааст) нишон дода буданд. Ӯ ҳоло дар Боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд қарор дорад.
Дар як соли охир, чор журналисти дигар тоҷик, Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Завқибек Саидаминӣ ҳам боздошт ва маҳз бо моддаи 307-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати аз 7 то 10 сол равонаи зиндон шуданд.