Маскун намудани зан пас аз ҷудо шудан аз шавҳар яке аз масъалаҳои доғи ҷомеа буда, то ҳол роҳи мушаххас ва бонизоми ҳалро пайдо накардааст. Қонунгузории кишвар модару фарзанд ва ҳуқуқҳои ӯро ҳифз мекунад, аммо дар баробари ин, ҳуқуқи соҳибмулкро низ кафолат медиҳад.
Ҷомеа низ бархӯри яксон надорад ва андешаҳои мутахассисон ба маскунгардонӣ мухталиф аст. Роҳи ҳалли ин масъала куҷост?
“Намегузоштанд кӯдаконам хоб кунанд”
Дилшода Алимова бо 3 кӯдак аз шавҳар ҷудо ва баъди талоши зиёд дар хонаи шавҳари собиқаш маскун мешавад. Вале баъди як ҳафтаи зиндагӣ ӯро аз ҳуҷраи маскуншудааш меронанд.
– Сабаби пошхӯрии оилаам хиёнати шавҳар буд. Ӯ бо зани дигар шинос ва аз ман ҷудо шуда, хост тарки хона кунам. Ман бо се кӯдак аз хона баромаданро рад кардам, чун намехостам ба хонаи волидонам баргардам. Оқибат маҷбур шудам, ки тарки хонаи шавҳар кунам, – мегӯяд Дилшода Алимова.
Ба қавли ин зан, тӯли 3 соле, ки расман аз шавҳараш ҷудо шудааст, ӯ чандин маротиба ба суди ноҳия муроҷиат намуда, аммо ба натиҷае нарасидааст.
“Суд маро дар хонаи шавҳари ҳамакнун собиқам, ҳамон хонае, ки қаблан зиндагӣ мекардам, маскун кард, аммо онҷо танҳо як ҳафта тавонистам зиндагӣ кунам. Аз рӯзи аввал шавҳари собиқам бо зани наваш, модараш, бародарону ҳамсари онҳо ба хонае, ки маро маскун карда буданд, омада, то ними шаб нишастанд. Онҳо намегузоштанд, ки фарзандонам хоб раванд. Мегуфтанд, “ин хонаи мо ҳам ҳаст ва ҳақ дорем, ҳар қадаре хоҳем, инҷо бошем”, – гуфт Дилшода Алимова.
Ҳамин тавр, шавҳараш ва пайвандони ӯ пайваста бо Дилшода муноқиша мекарданд ва ҳатто аз болои ӯ ба милиса шикоят бурданд, ки гӯё рӯйи шавҳарашро кандааст. Пас аз як ҳафтаи зиндагӣ дар хонаи маскуншуда, ӯро аз хона ронданд.
Шавҳари собиқ барои фарзандон 300 сомонӣ алимент пардохт мекард, ки ба қавли Дилшода, чанд муддат шуд онро ҳам напардохтааст.
“300 сомонӣ барои 3 кӯдак чӣ мешавад? Чанде аст, ҳамонро ҳам пардохт накардааст”, – нигаронӣ кард Дилшода.
Ҳоло Дилшода дар ду корхона ба ҳайси фаррош кор мекунад ва зиндагии худу фарзандонро дар хонаи волидонаш пеш мебарад. Ӯ дилмонда шудаву намедонаш ба кӣ бовар кунад ва куҷо муроҷиат намояд.
Ганҷина Бобоҷонова низ панҷ сол пеш бо қарори суд аз шавҳар ҷудо ва бо ду кӯдакаш дар ханае, ки мезист маскун карда шуд. Ӯ мегӯяд, аз ноилоҷӣ дар хонаи маскуншуда зиндагӣ мекунад ва дар ин муддат, “азоби саг”-ро кашидааст.
“Шавҳари собиқам дар Русия аст, аммо бародару хоҳаронаш ба ману фарзандонам зулму ситам мекунад, ки хонаро тарк намоем. Барқи хонаамро қатъ мекунанд ва дар зимистонҳо мо дар сардӣ зиндагӣ мекунем”,- мегӯяд Ганҷина.
Ба қавли ин зан, шавҳари собиқаш на ҳамеша алименти фарзандонашро мефиристад, аз ин лиҳоз зиндагиаш ба душворӣ пеш меравад.
“Беморам ва зимистон кор карда наметавонам, аз ин сабаб, тобистон кӯдаконро дар хонаи волидонам гузошта, дар саҳро кор мекунам ва то имкон фарзандонро таъмин менамоям”, – иброз медорад Ганҷина.
Ганҷина маскункунӣ дар хонаи шавҳарро нодуруст ҳисобида, пешниҳод мекунад, ки баъди расман ҷудо шудан, хонае, ки дар он маскун карда мешавад, фурӯшанд ва маблағашро барои таъмини фарзандон диҳанд.
Кори иҷборӣ, бесамар аст
Марям Давлатова, равоншиноси тоҷик низ маскункуниро “чорае аз ноилоҷӣ” медонад. Ӯ мегӯяд, агар аз як тараф зан бо кӯдаконаш бо хона таъмин шавад, аз тарафи дигар, дар аксар ҳолат бо бархӯрди хушунатомези пайвандони шавҳари собиқ рӯбарӯ мешавад.
Ин равоншиноси тоҷик пешниҳод дорад, ки баъди аз ҳам ҷудо шудани оила, фарзандон беҳтар аст бо шавҳар монанд, зеро дар чунин ҳолат, зан метавонад роҳеро барои зиндагии минбаъда пайдо кунад.
“Зан дар хонаи волидон ҳам наметавонад барои дуру дароз зиндагии осоишта кунад, чун дар он ҷо ҳам бародарон бо ҳамсарони худ зиндагӣ доранд ва муноқишаҳо пеш меояд. Аз нигоҳи ислом ҳам, фарзанд бояд дар тарбияи падар бошад”, – зикр мекунад Марям Давлатова.
Равоншинос мегӯяд, маъмулан баъди аз ҳам ҷудо шудани зану шавҳар, фарзандон бештар осеби равонӣ мебинанд, зеро аксаран баъди аз хона рафтани келин, бо наберагон ҳам муносибати хуб намекунанд.
“Маскункунӣ – иҷборан бор кардани масъулият ба зиммаи оилаи шавҳар аст. Ҳар кори иҷборӣ, бесамар аст. Аз ин лиҳоз, беҳтар мебуд, ин гуна оилаҳо зери сарпарастии мақомоти маҳал қарор гиранд, зери назорати равоншиносон бошанд. Он вақт шиддати зӯроварӣ кам ва таҳаммулпазирӣ бештар мешавад”, – мегӯяд Марям Давлатова.
Ду роҳи ҳал
Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси шинохта ду роҳи ҳалли ин масъаларо пешниҳод менамояд: давлат хона бо нархи дастрас сохта ба занҳои аз шавҳар ҷудошуда бо фоизи кам ва тавассути ипотека диҳад ё ҳар ду ҷониб ба мувофиқа омада, ба зан хонаи алоҳида харанд, то бо кӯдаконаш осуда зиндагӣ кунад. Дар ин роҳ, пайвандон кӯмак кунанд.
Музаффар Олимов, ҷомеашинос бошад, бо назардошти душвории зиндагии аксар сокинон, бовар надорад, ки пайвандон барои харидани хонаи алоҳида ба зани аз шавҳар ҷудошуда, маблағ диҳанд.
Маскуннамоӣ аз нигоҳи дин
Ҷамолиддин Хомӯшӣ, сардори раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон маскункуниро аз нигоҳи шаръӣ чунин шарҳ дод:
-Аз нигоҳи шариъат зан вақте дар никоҳи мард аст, таъмини макони зисти ӯ бар дӯши шавҳар фарз аст. Баъд аз талоқ шудан аз нигоҳи шаръӣ зан идда дорад, яъне ҳудуди 3 моҳ.
Он чӣ имрӯз аз нигоҳи дунявӣ бо номи маскун аст, аз нигоҳи шаръӣ эътиборе надорад, чунки баъди ҷудоӣ байни марду зан ва сипарӣ шудани мӯҳлати иддаи зан, онҳо ба якдигар бегона мегарданд.
Аммо агар зан дар вақти издивоҷ хона ё ҳуҷраеро дар ивази маҳраш гирифта бошад, ин моли шахсии ӯст ва зан дар ин хона комилҳуқуқ аст ва метавонад зиндагӣ кунад. Дар ин ҳолат мард ҳаққи дахолат карданро надорад.
Аҳдномаи никоҳ ҳатмӣ бояд бошад?
Гулҷаҳон Комилова, зани нафақахӯр аз вилояти Суғд ба ин андеша аст, ки дар пошхӯрии оила ва маскун шудан ва баъдан, мувоҷеҳи муносибати номуносиб шудани зан танҳо мард гунаҳкор нест, дар аксар ҳолат ҳарду ҷониб гунаҳкоранд. Занҳоеро ҳам дидан мумкин аст, ки наметавонанд бо хонаводаи шавҳар муросо кунанд. Ин масъала низ бояд ба назар гирифта шавад.
Матлуба Бобоҷонова, ҳуқуқшиноси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, бо масъалаи маскунгардонӣ ба онҳо занҳои зиёд муроҷиат мекунанд, ки ҳуқуқҳояшон фаҳмонида мешаванд.
“Қонун онҳоеро ба маскун шудан иҷозат медиҳад, ки ақди никоҳи худро ба қайди давлатӣ гирифтаанд. Онҳое, ки никоҳи динӣ доранд, мушкили бештар доранд”, – гуфт Матлуба Бобоҷонова.
Ӯ зикр намуд, ки мувофиқи қонун бояд нафари мӯҳтоҷ ба манзил дар хонаи собиқ шавҳар маскун карда шавад, аммо баъзан занҳои ба манзил эҳтиёҷнадошта низ барои маскун шудан, аз рӯйи рашку ҳасуд, муроҷиат мекунанд. Ин гуна ҳолат зиёд аст ва суд онро баррасӣ менамояд.
“Ахдномаи никоҳ ихтиёрӣ аст. Агар ҳатмӣ мебуд, шояд масъалаи маскункунӣ роҳи ҳалли худро меёфт”, – иброз дошт М. Бобоҷонова.
Бояд гуфт, ки ба маълумоти Суди олии Чумхурии Тоҷикистон соли 2022 оид ба маскуннамоӣ 2921 парванда баррасӣ шуда, 1740 парванда қонеъ гардидааст.