spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Гирифтани иҷозатномаи сохтмон дар Тоҷикистон соддатар шуд

Мақомоти Тоҷикистон ҷараёни бақайдгирии ҳуҷҷатҳоеро, ки барои машғул шудани ба сохтмон дар кишвар иҷоза медиҳанд, соддатар карданд.

Бино ба иттилои сомонаи Хадамоти иҷозатномадиҳии шаҳрсозии назди Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон, акнун ҳуҷҷатҳоро дар шакли электронӣ ба қайд гирифтан мумкин аст.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд ҳуҷҷатҳои худро дар сомонаи www.kifs.tj ба қайд гузоранд.

“Ин иқдом бар асоси дастуру фармоишҳои президенти кишвар, ки дар ҷаласаи ҳукумат дар мавриди масъалаи густариши ҷараёни рақамикунӣ садо доданд, амалӣ шуд”, – гуфта мешавад дар хабар.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
"Фурсати донистан": Барои гиритфтани иҷозаи сохтмон чӣ ҳуҷҷатҳо лозиманд?

Танҳо сарватмандон ба сохтмон машғул шуда метавонанд

Мақомот қаблан барои сангинтар кардани талабот ба бинокорон ҷиҳати ҳимоя аз манфиатҳои саҳмдорон ва моликон, инчунин пешгирии ба таври сунъӣ дароз кардани муҳлати сохтмон, тадбирҳо рӯйи даст гирифтанд.

Тартиби нави аз ҷониби Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Душанбе тасдиқшуда аз санҷиши қарзи ширкати бинокор аз андоз, пешниҳоди нишондиҳандаҳои техникиву иқтисодӣ ва уҳдадориҳо оид ба маблағҳо дар суратҳисоби алоҳидаи бонкӣ иборат аст.

Ширкати бинокор бояд аз рӯйи ҳуҷҷат доштани суратҳисоби бонкиро, ки дар он на камтар аз 20% аз арзиши умумии иншооти сохтамешуда нигаҳдорӣ мешавад, тасдиқ намояд.

Ширкатҳое, ки бори аввал ба сохтмон машғул мешаванд, танҳо як биноро сохта метавонанд, ба бунёди маҷмааи биноҳо бошад, танҳо ба ширкатҳои таҷрибадор иҷоза дода мешавад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Тобоварии биноҳо ба зилзила дар Тоҷикистон чӣ гуна санҷида мешавад?

Ҳамчунин шартҳои эътирофи ширкати сохтмон ҳамчун “мушкилдор” муайян карда шуданд, ки аз оғози корҳои сохтмон бидуни пардохтҳои ҳатмӣ, риоя накардани меъъёрҳои сохтмон, худсарона сохтани биноҳои иловагӣ ва ошёнаи дар лоиҳа мавҷуднабуда, инчунин гузаштани вақти ба истифода додани иншооти сохтмон ба муҳлати беш аз 6 моҳ иборатанд.

Қобили зикр аст, ки айни замон сохтмони биноҳои истиқоматӣ дар Тоҷикистон хеле дар ҳоли рушд аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҶТ, соли 2022 дар Тоҷикистон 1701,5 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шудааст, ки 119% нисбат ба соли гузаштаро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...