Душанбе. 26-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми дирӯз дар робита ба фоҷеаи рухдода дар шаҳри Евпатория президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвонии президенти Украина барқияи тасаллият ирсол кард.
Дар барқия, аз ҷумла гуфта мешавад:
«Виктор Андреевичи мӯҳтарам! Аз фоҷеаи рухдода дар шаҳри Евпатория, ки бар асари он талафоти ҷониву харобиҳо сурат гирифт, беҳад андӯҳгинам. Дар ин лаҳзаи ҳассос аз Шумо хоҳиш дорам ҳамдардии мардуми тоҷикро ба ҷабрдидагон ва наздикони онҳо бирасонед. Мо хоҳони шифои ҳарчи зудтари ҷабрдидагонем».
Ёдрас мекунем, ки шоми 24-уми декабр бар асари инфиҷори шадиди газ дар манзили зисти панҷошёнаи шаҳри Евпаторияи ин кишвар 24 нафар ба ҳалокат расид. Сарвари давлат Виктор Юшенко имрӯз, 26-уми декабрро дар саросари Украина рӯзи мотам эълон кард.