Дар даҳаи дуюми моҳи апрел ҳарорат дар Душанбе ва баъзе минтақаҳои кишвар боло меравад, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Танҳо имрӯз, 11 апрел борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.
Аз 12 то 15 апрел ҳавои хушку гарм ва абрноки тағйирёбанда пешбинӣ мешавад. Дар пойтахт ҳарорат шабона 13-16 ва рӯзона то 32 дараҷа гарм мешавад.
Танҳо минтақаи ғарби ВМКБ истисно буда, шабона ҳавои аз 0 то 11 дараҷа хунук пешгӯӣ мешавад.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ обуҳавои мисли Душанбе дар назар аст.
Дар Хуҷанд низ ҳаво хушку гарм шуда, лекин рӯзи 15 апрел борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад. Дар ин рӯз дар тамоми қаламрави вилояти Суғд обуҳавои боронӣ пешбинӣ шудааст.
Дар вилояти Хатлон то охири ҳафта боридани борон дар назар нест.
Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, миқдори боришоти атмосферӣ дар моҳи апрел дар ҳудуди меъёр хоҳад буд.
Дар ҳамин ҳол, ёдрас мекунем, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ чанде пеш огоҳ кард, ки дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва кӯҳии тобеи марказ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ғарби ВМКБ эҳтимоли селфароиҳо вуҷуд дорад.
Имрӯзу пагоҳ омадани селҳо аз эҳтимол дур нест.
Ғайр аз ин, рӯзҳои наздик дар рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷануб) ва рӯдхонаҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, хатари боло рафтани сатҳи об дар назар аст.