spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Китоб бо пахши як тугма. Китобхонаи миллӣ боргирии китобҳоро ба роҳ монд

Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ) барои алоқамандони китоб саҳифаи Ютуб ва канали телеграм боз намудааст. Ҳоло хонандагон имкон пайдо кардаанд, ки китобҳои дар ихтиёри КМТ бударо бо забонҳои тоҷикӣ, хориҷӣ ва ҳатто хатти форсӣ пайдо кунанд, боргирӣ намоянд ё фармоиш диҳанд. Дар ин бора Бобоҷон Шофеъ, масъули сомонаи КМТ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, саҳифаи Ютуб ва канали телеграми китобхона ба тозагӣ фаъол шуда, ҳадафаш ҷалби бештари мардум ба китобхонӣ ва ҳиссагузорӣ дар барномаҳои давлатии руҷӯъ ба китоб аст.

“Ҳамарӯза барои дастрас кардани китобҳои гуногун дархостҳои зиёд мегирем. Мебинем, ки хонандаҳои имрӯз, назар ба боргирӣ кардан аз саҳифаҳои гуногуни интернет, майл доранд, аз телеграм-канал дархосташонро бигиранд. Мо ин ниёзро аввал омӯхтем ва сипас ба қароре омадем, ки саҳифаи худро дар Телеграм фаъол кунем”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Бинобар гуфтаи номбурда, Китобхонаи миллӣ имконияҳои васеъ дорад, ба вижа теъдоди китобҳои электронии он бештар аз 400 ҳазор аст, ки ҳамакнун ба навбат дар канали телеграми навфаъол боргузорӣ карда мешаванд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Бобоҷон Шофеъ таъкид мекунад, ки дар канали телеграм китобҳо тибқи нақша боргузорӣ мешаванд. Нақшаи боргузории киотобҳо тақрибан чунин будааст:

Душанбе:

1.  Адабиёти хориҷӣ  

2.  Адабиёти муосир

3.  Адабиёти илмӣ

Сешанбе:

1.  Адабиёти  соҳавӣ (тиб)

2.  Адабиёти классик

3.  Адабиёти кӯдакона

Чоршанбе:

1.  Адабиёти хориҷӣ

2.  Адабиёти  соҳавӣ  (табиӣ-риёзӣ)

3.  Адабиёти муосир

Панҷшанбе:

1.  Адабиёти классик

2.  Адабиёти соҳавӣ (тиб)

3.  Адабиёти кӯдакона

Ҷумъа:

1.  Адабиёти хориҷӣ

2.  Адабиёти муосир

3.  Адабиёти илмӣ

Ин масъули КМТ гуфт, имкон ҳаст бо забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва агар дархост шавад бо забони англисиву ӯзбекӣ ва хати форсӣ ҳам китобҳо барои муроҷиаткунандагони пешниҳод мегардад. Яъне, дар сурати пайдо накардани китоби зарурӣ, хонандагон метавонанд ба китобхона муроҷиат намоянд ва онҳо китоби пурсидашударо аз махзани китобҳои электронии худ пайдо карда, дар шабакаи иҷтимоӣ боргузорӣ мекунанд. Агар, дар махзани китобҳои электронӣ ҳам вуҷуд надошта бошад, китоб дар шакли коғазӣ пайдо ва шакли электронии он таҳия мегардад ва пешкаши хонанлагон мешавад.

Бояд гуфт, ки КМТ беш аз 4 млн китоб дошта, яке аз бузургтарин китобхонаҳои минтақаи Осиёи Миёна ба ҳисоб меравад.

Бобоҷон Шофеъ афзуд, ки дар ин баробар саҳифаи Китобхонаи миллии Тоҷикистонро дар Ютуб боз кардем ва ҳадаф дорем, ки он ҷо мусоҳибаҳо дар бораи китобро нашр кунем.

“Намоишҳои телевизионӣ бо ширкати кормандони китобхонаро мегузорем ва ҳамчунин, беҳтарин суҳбатҳоро дар бораи китоб аз ҳар ҷойи дигар, ки иҷозати бознашр дорад, дар Ютуб пахш мекунем”, – гуфт масъули КМТ

Бояд гуфт, дар сомонаи КМТ як бахше бо номи Китобхонаи электронӣ вуҷуд дорад ва саҳифаи Фейсбуки китобхона ҳам фаъол аст. Гуфта мешавад, барои аудиторияи гуногун китобҳо дар ин се бахш дастрасанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳоло дар саҳифаҳои Ютуб, Фейсбуку Инстаграм ва каналҳои телеграм дастрасии китобҳои электронӣ ва овозӣ осонтар шудааст. Бархе мағозаҳои китобфурӯшӣ инчунин фармоиши китобро қабул мекунанд ва то хонаи фармоишгар мерасонанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...