Ширкати Utair-и Русия шурӯъ аз 3 май ҳар ҳафта ба иҷрои парвозҳо аз Тюмен ба Хуҷанд оғоз мекунад, хабар медиҳад дафтари матбуоти ширкат.
Парвозҳо рӯзҳои чоршанбе ва якшанбе тахминан соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ сурат гирифта, вақти расидан то нуқтаи таъинот ҳудуди 3 соату 10 дақиқаро ташкил медиҳад.
Фурӯши билетҳо дар utair.ru дастрас буда, сар аз 8619 рубл нарх доранд.
“Солҳои зиёд аст, ки мо аз Маскав ба Душанбе парвозҳо анҷом додем ва ҳоло парвозҳоро аз Тюмен ба Хуҷанд, дуюмин шаҳри сераҳолии Тоҷикистон оғоз мекунем”, – изҳор доштааст президенти «Utair — Пассажирские авиалинии» Олег Семенов.
Дар мавсими баҳору тобистон ширкат ҳамчунин ният дорад, ки парвозҳоро аз Тюмен ба Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, АМА, Туркия ва Ӯзбекистон ба роҳ монад, то ки Поволже, Сибир, марказ ва ҷануби Русияро пайваст кунад.
Қобили зикр аст, ки Utair пас аз Аэрофлот, S7 ва Ural Airlines чорумин ширкати бузурги ҳавопаймоӣ дар Русия аст.