Футболбози маъруфи тоҷик ва мураббӣ Рашид Раҳимов пас аз танаффуси тӯлонӣ ба футбол бармегардад, хабар медиҳад “Спорт-Экспресс”.
Ба иттилои нашрия, тими “Рубин бо Рашид Раҳимов ҷиҳати бастани қарордод то охири мавсим бо имкони дароз кардани муҳлати он дар сурати ба Премйер-лигаи Русия роҳ ёфтани даста ба мувофиқа расидааст.
Эҳтимол “Рубин” рӯзи чоршанбе дар бораи истеъфои Юрий Уткулбаев ва таъини сармураббии нав эълон пахш кунад.
Раҳимов 58-сола буда, ахиран сармурабии тими “Уфа” буд ва моҳи апрели соли 2021 ин дастаро тарк кард.
Қаблан ӯ ба ҳайси сармураббӣ дар дастаҳои “Адмирал”, “Локомотив”, “Амкар” ва “Ахмат” фаъолият карда буд.
Дастаи “Рубин”-и Қазон бо касби 47 имтиёз дар 26 давр дар ҷадвали Лигаи якум дар зинаи 2-юм қарор дорад.