Мавзӯи тарки соҳа кардани табибон ва норасоии кадрӣ дар саҳаи тиб солҳост, ки дар Тоҷикистон доғ аст. Мақомот пайваста аз имтиёзҳо ва баланд бардоштани маоши табибон барои пешгирии ин раванд суҳбат мекунанд. Коршиносон мегӯянд, бахши тандурустӣ ба ислоҳоти густурда ниёз дорад.
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар нишасти матбуотии охири худ гуфта буд, ки “имрӯз, дар кишвар тақрибан 2,5 ҳазор табиб ва беш аз 600 ҳамшираи тиб намерасанд”.
Худи табибон мегӯянд, ки яке аз сабабҳио асосии аз кор рафтани пизишкони тоҷик кам будани маош аст.
Вазири тандурустӣ дар шарҳи сабабҳои тарки соҳа кардани табибон гуфта буд, ки “кишварҳои дигар, пеш аз ҳама давлатҳои ҳамсоя, барои кормандони соҳаи тиб барномаҳои махсус ва имтиёзҳо пешбинӣ мекунанд ва ин, ба назари ӯ, сабаби аслии аз кишвар рафтани табибон мешавад”.
Дар робита ба ин, “Азия-Плюс” тасмим гирифт, маоши духтуронро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ муқоиса кунад.
Духтурон вобаста ба дараҷаи тахассус, собиқаи корӣ ва рӯзҳои навбатдорӣ дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳисоби хидматрасониҳои пулакии муассисаҳои тандурустӣ бар замми маоши худ иловапулӣ мегиранд.
Аз ҷумла, тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон табибон аз ҳисоби даромади хидматрасониҳои пулакии муассисаҳои тиббӣ ба ҳисоби миёна аз 400 то 1500 сомонӣ иловапулӣ мегиранд.