Шӯрои уламои Тоҷикистон аз истифодаи номи Саидмукаррам Абдуқодирзода, муфтии Тоҷикистон аз сӯи қаллобон барои ба даст овардани даромади муфт дар фазои Интернет хабар дода, аз аҳолӣ даъват кардааст, ки ба он бовар накунанд ва “фирефтаи найранги ашхоси қаллобу фиребгар нашаванд”.
Ин ниҳоди динии кишвар бо нашри як баёния гуфтааст, ки имрӯзҳо баъзе нафарони қаллоб дар фазои интернет бо мақсади ба даст овардани даромади муфт роҳу равишҳои нодуруст ва ғайришаръиро истифода мебаранд.
Ишораи Шӯрои уламои кишвар ба он аст, ки вақтҳои охир қаллобон бо танзими сохтакоронаи наворҳои баргирифта аз интернет ва сӯиистифода аз аксҳои чеҳраҳои маъруфу соҳибмақом аз иқдомҳои хайриявӣ хабар медиҳанд.
“Аз ҷумла, дар яке аз наворҳои қаллобон акси Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода истифода гардида, зоҳиран чунин вонамуд мегардад, ки гӯё амали ин тоифа аз тарафи Шӯрои уламо тасдиқ гардида бошад”, – омадааст дар баёнияи Шӯрои уламо.
Ин ниҳод, аз аҳолии кишвар хоҳиш кардааст, ки “фирефтаи найранги ашхоси қаллобу фиребгар нашаванд ва барои дастрас намудани маълумоти дақиқ роҷеъ ба ҳар гуна масоили мавриди назарашон ба сомонаи Шӯрои уламо муроҷиат намоянд”.
“Эй мӯъминон, агар фосиқе хабареро пеши шумо биёрад, пас, таҳқиқ кунед, (аз хавфи) он ки ба нодонӣ қавмеро зарар расонед…” (сураи “Ҳуҷурот”, ояти 6)”, – иқтибос овардааст Шӯрои уламо
Ёдовар мешавем, ки тайи чанд вақти охир, қаллобон бо истифода аз номи ширкатҳо ва шахсиятҳои машҳур, аз ҷумла аз номи ширкатҳои “Тойота”, “Беко”, бонки “Эсхата”, “Гасзпромнефт” ва шахсиятҳое, чун шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар тариқи интернет бо баҳонаи иқдомҳои хайриявӣ сокинонро фиреб медиҳанд.
Аз ҷумла, дар моҳи октябри соли равон дар шабакаҳои иҷтимоӣ иттилои фейкие мечархад, ки гӯё бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистони муқими Русия 12 ҳазору 130 рубли русӣ кумаки пулӣ дода мешавад.
Дастандаркорони ин фейк аз корбарон хоҳиш мекарданд, ки барои гирифтани маблағ 830 рубл (комисияи интиқол) пардохт карда, рақами корти бонкии худро ворид кунанд. Санҷиши мо маълум кард, ки ин иттилоъ фейк аст.
Дар робита ба ин, чанде пеш Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД) бо нашри як эълон ба аҳолӣ ҳушдор дод, ки ба навори тарғиботӣ оид ба ҷудо гардидани маблағ аз ҷониби ширкат ва шахсиятҳо тавассути интернет ба сокинони Тоҷикистон бовар накунанд.
Ба таъкиди ин ниҳод, чунин навор “аз ҷониби як гурӯҳи муташаккили қаллобони номаълум бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ… дар сомонаҳои иҷтимоии “Фейсбук” ва “Инстаграм” нашру паҳн мешавад”. Вале то кунун дар бораи боздошти ягон нафаре бо иттиҳоми даст доштан дар сохтан ва паҳн кардани ин силсилаҳои қаллобӣ гузориш нашудааст.