Дар шаҳри Душанбе аз 10 то 12 апрели соли 2023 силсилаи ҳамоишҳои омӯзишии Русия барои мутахассисони муҳити зист, пажӯҳишгарон, фаъолон ва рӯзноманигорон баргузор гардид.
Дар ҳамоишҳои мазкур фанновариҳои навин дар бахшҳои омӯзишу парвариш, экология ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардид. Иштирокдорони ҳамоиш аз таҷрибаи худ нақл карда, дар мавриди аҳамияти густариши салоҳият ва имконоти касби малакаҳои нав суҳбат карданд. Дар поёни давраҳои омӯзишӣ силсилаи баҳсҳо сурат гирифт, ки дар заминаи онҳо механизми минбаъдаи таҳкими ҳамкориҳо миёни ҷомеаҳои коршиносӣ ва рӯзноманигории Тоҷикистону Русия таҳия хоҳад шуд.
Мавзӯи ҳамоиши “Омӯзиши онлайнии Русия: роҳхат ба ҷаҳони касбӣ" ба қолабҳои нави таълим, ки ба ҳар фарди соҳиби дастгоҳи ҳушманд дастрас аст ва инчунин муаррифии платформаҳои таълимии онлайнии Русия дар пайванд буд. Ҳамин тариқ, намояндагони бузургтарин платформаи таълимии диҷитолии Русия “Skillbox” дар мавриди фурсатҳои касби маҳорату малакаҳое суҳбат карданд, ки дар ҷаҳони муосир ва Тоҷикистон дорои талабот ҳастанд. Барои дарёфти гувоҳиномаҳо барои омӯзиши ройгон дар байни иштирокдорон озмун гузаронида шуд, ки барандагони он имкони дастрас намудани донишҳои лозима дар соҳаи таҳсилоти онлайниро ба даст меоранд.
Иштирокдорони ҳамоиши “Мубориза бо пайомадҳои тағйирёбии иқлим дар Авруосиё: таҷрибаи Русия ва Тоҷикистон” масоили муҳити зисти минтақаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Муҳаққиқони масъалаҳои об ва муҳити зист аз Осиёи Марказӣ дар бораи тамоюлҳои асосии тағйирёбии иқлим сухан ронда, гуна (вариант)-ҳои рафъи мушкилоти ҷорӣ ва ояндаро тариқи омӯзиши муштарак ироа карданд. Дар ҳамоиши мазкур на танҳо олимони намоёни Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти байналмилалӣ, Донишгоҳи давлатии равобити байналмилалии Маскави ВКХ Русия, Ҷамъияти ҳифзи табиати Русия, Пажӯҳишгоҳи иктисодиёт ва демографияи Фарҳангистони илмхои миллии Тоҷикистон, балки намояндагони ҷавонон низ ширкат варзиданд.
Ҳамоиши “Чӣ гуна метавон рӯзноманигори муосир шуд?” ба баррасии мушкилоте, ки кормандони расонаҳо ҳангоми бозтоби мушкилоти минтақа ва ҷаҳон рӯбарӯ мешаванд, равона шуда буд. Рӯзноманигорони рус дар асоси таҷрибаи воқеии корӣ тавсияҳо дода, дурнамои касбро дар заминаи тағйироти ҷаҳонӣ баррасӣ карданд.
Аз миёни суханронон Виктория Поликарпова, муовини мудири Раёсати иттилоотии гурӯҳи расонаҳои байналмилалии Russia Today (Sputnik News Agency) дар мавзӯи марбут ба чолишҳои фазои муосири расонаӣ суханронӣ кард. Иштирокдорон дониши худро афзуда, соҳиби гувоҳинома гардиданд.
Меҳмони нишасти аввалин Семён Григорев, сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки хотирнишон кард: дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба гирифтани таҳсили русӣ ва бо забони русӣ – аз макотиби миёна то олӣ на танҳо коҳиш наёфта, балки сол аз сол рӯ ба афзоиш дорад.
«Чорабинии имрӯза қадами дигаре дар таҳкими ҳамкориҳои Русияву Тоҷикистон дар соҳаи гуманитарӣ мебошад», – гуфт Семён Григорев.
Гуфтанист, ҳамоишҳои мазкур аз сӯйи Маркази иттилоотиву таҳлилии омӯзиши равандҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ дар фазои пасошӯравӣ созмон дода шуд. Маъракаҳо дар маркази “Русское пространство”-и Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон баргузор гардид.