spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Дар ҳуҷҷатҳои махфии Пентагон санаи эҳтимолии ҳамлаи ҷавобии Украина 30 апрел зикр шудааст

Дар ҳуҷҷатҳои Пентагон (Вазорати мудофиаи ИМА) ва хадамоти иктишофии ин кишвар, ки дастраси умум гаштанд, санаи эҳтимолии ҳамла (ё ҳамлаи ҷавобӣ – тибқи маълумоти рӯзноманигорон, ҳарду вариант вомехӯрад)-и артиши Украина 30 апрели соли 2023 зикр шудааст, менависад Медуза.

Пентагон ва хадамоти иктишоф ҳамчунин хабар дода буданд, ки дар ҳамла истифодаи 9 бригада пешбинӣ мешавад. Талаботи он ба техника аз иттифоқчиёни Украина 253 танк, 381 мошини механиконидашуда, 480 мошини дорои муҳаррик (моторишуда), 147 силоҳи артиллерӣ, инчунин 571 автомобили махсуси зиреҳпӯши Humvee арзёбӣ шуд, менависад газетаи Newsweek.

Ҳамчунин аз ҳуҷҷатҳо метавон ба хулоса расид, ки иттифоқчиёни Украина бевосита дар омодасозии низомиёни украинӣ ба ҳамла иштирок мекунанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Си Ҷинпин – охирин умеди Ғарб барои қатъи ҷанг дар Украина?

Дар ҳамин ҳол, қобили зикр аст, ки таълиму омӯзиши ҷангиён қатъиян дар берун аз ҳудуди Украина гузаронида мешавад.

Ҳоло маълум нест, ки бар асари ифшои ҳуҷҷатҳои махфӣ нақшаҳои Украина тағйир ёфтанд ё не.

Қаблан сардори Сарраёсати иктишофи Вазорати мудофиаи Украина Кирилл Буданов дар мусоҳиба ба шабакаи телевизиони амрикоии ABC News изҳор дошт, ки ифшои маълумот ба “натиҷаҳои воқеии амалиёти ҳамла” ба ҳеҷ ваҷҳ таъсир намерасонад.

Аслӣ будани ҳуҷҷатҳое, ки рӯзноманигоро меомӯзанд, тасдиқ нашудааст. Коршиносон зикр мекунанд, ки ҳуҷҷатҳои ифшогардида ҳадди ақалл қисман мавриди таҳрир қарор гирифтаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...