Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Мунтахаби футболи Русия аз иштирок дар Чемпионати Осиёи Марказӣ даст кашид - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
spot_img

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Мунтахаби футболи Русия аз иштирок дар Чемпионати Осиёи Марказӣ даст кашид

27
27

Мунтахаби футболи Русия дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) иштирок намекунад. Дар ин бора котиби генералии Иттифоқи фуболи Русия Максим Митрофанов хабар додааст.

“Дастаи Русия аз иштирок дар чемпионати Ассотсиатсияи Осиёи Марказӣ даст кашид. Мо як қатор душвориҳои тадорукотӣ дорем: мутаассифона, маҷбур шудем, ки рад кунем. Намехоҳам масъалаҳои шахсии моро бо CAFA ин ҷо зикр кунам. Ҳоло сарбории ҷисмонии бозингарон зиёд аст, танаффус хеле кӯтоҳ аст”, – овардааст гуфтаҳои Митрофановро портали Чемпионат.ру.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар аввалин Чемпионати CAFA иштирок мекунад

Мавсим дар Премйер-лигаи футболи Русия 3 июн ба охир расида, дар ин рӯз 8 бозии даври 30-юми чемпионат гузаронида мешаванд. Рӯзи 11 июн бозии финалӣ барои дарёфти Ҷоми футболи Русия доир мегардад. Ба ин тариқ, оғози чемпионати CAFA ба бозии финалии ҷоми миллӣ рост омада, ба ҷамъоварии ҳайати мукаммал ва имкони баргузории ҷамъомадҳои тамрину омӯзишӣ монеъа эҷод мекунад.

Дар ҳамин ҳол, аз эҳтимол дур нест, ки ба мусобиқаи Чемпионати CAFA доварони Русия даъват карда шаванд.

“Агар дархост кунанд, албатта, мо розӣ мешавем. Барои доварони мо низ ин як таҷрибаи муҳими байнулмилалӣ хоҳад буд. Дар худи CAFA низ доварони ҷавони боистеъдод зиёданд”, – иброз доштааст Митрофанов.

Котиби матбуотии мунтахаби футболи Тоҷикистон Фаридун Солиев дар мусоҳиба ба нашрияи “Спорт-Экспресс” ба ин тасмими тими милии Русия чунин изҳори назар кардааст:

“Бо Русия ё бе ин тим дар ҳама гуна ҳолат чемпионат баргузор мешавад. Барои дастаи мо чемпионати CAFA як марҳилаи омодагӣ ба даври финалии Ҷоми Осиё аст, ки моҳи январи соли оянда дар Қатар баргузор мешавад”.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Бозии дастаҳои Тоҷикистону Русия мусовӣ анҷом ёфт

Ӯ ҳамчунин бар ин назар аст, ки аз иштирок дар чемпионат даст кашидани тими миллии Русия ҷолибиву шавқоварии мусобиқаро кам нахоҳад кард.

“Албатта, агар дастаи Русия иштирок мекард, таваҷҷуҳ ба он дар Русия хеле зиёд мешуд. Лекин ин маънои оно надорад, ки ҷолибияти мусобиқа кам мешавад. Ҳайати дастаҳои минтақаи мо хуб аст. Чор даста – Тоҷикистону Эрон ва Ӯзбекистону Қирғизистон дар даври финалии Ҷоми Осиё иштирок мекунанд. Ва ин мусобиқа як марҳилаи хуби омодагӣ барои онҳо ба Ҷоми Осиё, инчунин марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2026 хоҳад шуд, ки аллакай моҳи ноябр оғоз мешавад”, – илова кардааст Солиев.

Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) аз 9 то 21 июн дар шаҳрҳои Бишкек ва Тошканд доир мегардад. Дар он тимҳои миллии футболи Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Афғонистон иштирок мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...

Чин ба Тоҷикистон 57 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад

Ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 400 млн юан...