Нозило Қонеъ, гузоришгари вижаи Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) дар умури озодии дин ва эътиқод дар поёни боздиди 10-рӯзаи худ, аз Тоҷикистон даъват кард, ки қонунҳо, сиёсатҳо, ва амалияҳои худро дар барои дин ё эътиқод мутобиқ ва таҷдиди назар намояд.
Ӯ дар нишасти матбуотии худ, ки ҳоло дар қароргоҳи СММ дар Тоҷикистон идома дорад, аз мақомоти Тоҷикистон ҳамчунин даъват кард, ки гузаштаро пушти сар гузоранд ва аз озодии дин ва эътиқод ҳимоят кунанд.
Ба таъкиди Нозило Қонеъ, ин кор ба рушд, сулҳ ва фаҳмиш дар кишвар мусоидат хоҳад кард.
“Сояи ҷанги шаҳрвандӣ бар рӯи қонунҳо ва амалияҳои вобаста ба озодии дин ё эҳтиқод ба таври хеле васеъ барқарор аст ва ба онҳо зарбаи сахт мезанад”, – гуфт ӯ дар изҳороти худ.
Вай зикр кард, ки доираи татбиқи озодии дин ё эътиқод аз кафолатҳои қонуни байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба таври нигаронкунанда дур аст, ки Тоҷикистон ба он уҳдадорӣ гирифтааст.
“Эҳтиром ба озодии дин ва эътиқод бояд ки дар фаъолияти оммавӣ низ ба чашм намоён бошад ва бояд ба ҳама, аз ҷумла занон, ақалиятҳои динӣ ва эътиқодӣ ва кӯдакону ҷавонон дахл дошта бошад. Ба онҳо бояд иҷозат дода шавад, ки аз ин озодӣ дар якҷоягӣ бо дигарон бархурдор шаванд”, – афзудааст Нозило Қонеъ.
Дар нишасти матбуотӣ зикр гардид, ки озодии дин ё эътиқод ба зарурати иҷозат додан ба ибодат, риояи фаризаҳо, амалияҳо ва таълим, аз ҷумла, дар байни ҷамъият баён кардани анъанаҳо ва фарҳанг алоқаманд аст.
“Ин аз озодии баён ва иттиҳодияҳо ҷудонашаванда аст ва ба иттиҳодияҳои мустақил ва дигар аъзоёни ҷомеаи шаҳрвандӣ имкон медиҳад, ки дар фазои кушоди шаҳрвандӣ ва рушди ҷомеа саҳм гузоранд”, – афзуд Нозило Қонеъ.
Гузоришгари вижаи СММ дар умури дин ва эътиқод зимни сафараш ба Тоҷикистон ба масъулини ҳукумтаи шаҳри Душанбе вохӯрӣ анҷом дода, ба шаҳри Хоруғи ВМКБ сафар кардааст.
Ӯ ҳамчунин, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, вакилони парлумон, додситонҳо, масъулини Додгоҳи олӣ, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони ҷомеаҳои динву мазҳабӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ мулоқот кардааст.
Гуфта шуд, ки ӯ аз зиндоне боздид кардааст, ки дар маҳбусони сиёсӣ ва динӣ нигаҳдорӣ мешаванд. Аммо таъкид кард, мақомоти Тоҷикистон эътироф накардааст, ки дар кишвар маҳбусони сиёсӣ ё эътиқодӣ вуҷуд доранд.
"Мо аз зиндоне, ки дар шаҳри Ваҳдат аст, дидан кардем. Бо шароити нигоҳдошти маҳбусон шинос шудем. Дар он ҷо 13 масҷид вуҷуд дорад ва он барои наздики 1500 маҳбус пешбинӣ шудааст. Маҳбусон танҳо дар масоҷиде, ки ҳаст метавонанд ибодат кунанд, дар ҷойи дигар ҳуқуқ надоранд", – гуфт Нозило Қонеъ.
Гузоришгари СММ зикр намуд, ки мақомдорони тоҷик зимни мулоқотҳо вобаста ба баъзе масоил асосҳо ва сабабҳои ҷорӣ шудани маҳдудиятҳоро зикр мекарданд.
"Масалан, дар робита ба манъи ба масҷид рафтани ҷавонони то синни 18 мақомоти тоҷик гуфтанд, ки дар сурати ба масҷид рафтан, онҳо аз таҳсил канор мемонанд, оид ба Қонуни танзим мегуфтанд, ки он барои сарфакорӣ ҷорӣ шудааст ё оид ба манъи ибодати занон дар масоҷид мегуфтанд, ки ин хилофи мазҳаби Ҳанафӣ аст", – зикр намуд Нозило Қонеъ.
Ба таъукиди ӯ, ҳамчунин буданд мақомдороне, ки барои дарки масъала ва ҳалли он омодагӣ ва талоши худро иншон медоданд.
“Ман аз мақомот даъват мекунам, ки берун аз нигаронии худ дар бораи экстримизм, терроризм ва барангехтани адоват нигоҳ кунанд ва тасаввуроти худро дар саҳми мусбати дин ва эътиқод дар ҳаёти ҳамоҳанг ва пурғановати ҷамъиятӣ боз намоянд. Дин ё эътиқод ба танҳоӣ омили ҷиддии хатарро барои ҳаёти иҷтимоӣ эҷод намекунанд: онҳо метавонанд ба таври фаъол дар рушд, сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ мусоидат намоянд ”, – гуфт ӯ.
Гуфта мешавад, ки гузоришгари вижаи СММ гузориши пурраи сафари худро ба Шурои ҳуқуқи башар дар Женева дар моҳи марти соли 2024 пешниҳод хоҳад кард.
Нозило Қонеъ баъди қариб 15 сол, аз 11 то 20-уми апрели соли 2023 аз вазъи озодии дину эътиқод дар Тоҷикистон дидан кард. Бори охир, соли 2007 Гузоришгари вижаи Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) дар умури озодии дин ва эътиқод Асмо Ҷаҳонгир аз Тоҷикистон дида карда, соли 2009 дар Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ аз вазъи аққалиятҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон ибрози нигаронӣ карда буд.
Боздиди Гузоришгари вижаи СММ дар умури дин ва эътиқод аз Тоҷикистон дар ҳолест, Тоҷикистон аз соли 2016 бо тавсияи Комиссияи ИМА оид ба озодиҳои динии байнулмилалӣ ба рӯйхати кишварҳои нақзкунандаи озодиҳои динии Департаменти давлатии ИМА шомил аст.
Дар гузоришҳо аз ҷумла гуфта мешавад, ки “нақзи мунтазам, давомдор ва дағалонаи озодии эътиқод” боиси нигаронии хоси Департаменти давлатӣ шудаанд.
Дар Тоҷикистон ба интиқоди Департаменти давлатии ИМА аз вазъи озодии дин розӣ нестанд. Мақомоти Тоҷикистон ҳамеша мегӯянд, дар кишвар “ҳама ҳуқуқи мазҳабӣ риоя мешавад” ва арзёбиҳои хориҷиён аз вазъи ҳуқуқи динии мардум ғаразмандона ва нодуруст аст.