Навори латукӯби сарбозон аз ҷониби ҳамсафонашон, ки дирӯз, 24-уми апрел, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид, ҷомеаи кишварро такон дод. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳодисаи латукӯб ва меҳтарсолорӣ дар артишро бо қатъият маҳкум намуда, аз мақомот дархост намуданд, ки гунаҳкорони латукӯби ахир пайдо ва муҷозот гардида, минбаъд ба такрори чунин ҳолат роҳ дода нашавад.
Пас аз чанд соати паҳн гардидани навори латукӯб, Прокуратураи генералии кишвар бо нашри изҳорот аз боздошти нафароне, ки ҳамхидматонашонро латукӯб кардааанд, хабар дод. Маълум гардид, ҳодиса чаҳор моҳ пештар дар яке аз қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ рух додааст. Ин ниҳод навишт, ки нисбати 5 нафар сарбози ҳамхидматонашонро латукӯбкарда парвандаи ҷиноятӣ боз карда, тафтишотро оғоз намудааст.
Навори латукӯби сарбозор дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври густурда баррасӣ ва муҳокима гардид. Корбарон бори дигар ба зарурати таҷдиди артиши кишвар ва маҳви меҳтарсолорӣ дар он таъкид намуданд.
Дар чунин вазъе, ки ҷомеа аз вуҷуди сарбозозорӣ ё маҳтарсолорӣ дар артиш изҳори ташвиш намуда, ба маҳви он таъкид мекунад, Asia-Plus тасмим гирифт, ки матлаби чанде пештар таҳиянамудаи худ оид ба сохторҳои ҳомии ҳуқуқи сарбозонро бознашр намояд. Дар он суроға ва рақами телефони сохторҳои дахлдор сабт шудааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо меҳтарсолорӣ метавон муроҷиат намуд.