spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Русия омодагии ҷангии пойгоҳи низомии 201-умро дар Тоҷикистон тақвият мебахшад

Дар пасманзари талоштҳои ИМА ва итифоқчиёнаш дар мавриди барқарор намудани ҳузури низомии худ дар Осиёи Марказӣ, Русия сатҳи омодагии ҷангии пойгоҳҳои низомии худро дар Тоҷикистон ва Қирғизистон тақвият медиҳад, изҳор доштааст вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу, менависад РИА Новости.

“ИМА ва иттифоқчиёнашон бо баҳонаи кумак дар мубориза бо терроризм талош доранд, ки ҳузури низомии худро дар Осиёи Марказӣ барқарор кунанд. Дархостҳо ба кишварҳои минтақаро дар бораи ҷойгиркунии зербинои низомӣ таҳдиди мустақим ба субот дар паҳнои СҲШ арзёбӣ мекунем”, – иброз доштааст Шойгу рӯзи ҷумъа дар машварати вазирони мудофиаи кишварҳои узви СҲШ дар Ню-Дели.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Муовини Дабири кулли СААД аз сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дидан кард

“Аз ҷониби худ омодагии ҷангии пойгоҳҳои низомии Русияро дар Тоҷикистон ва Қирғизистон, инчунин дигар неруҳои муовиматро бар зидди таҳдидҳои эҳтимолӣ пурзӯр мекунем”, – илова кардааст ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Шойгу зикр кардааст, ки "кишварҳои НАТО аз рӯи натиҷаҳои ҳузури бистсолаи худ дар Афғонистон ва хуруҷи шитобкорона масъулияти бештарро барои вазъ дар онҷо бар дӯш доранд”.

“Онҳо бояд хароҷоти асосии молиявии барқароркунии пас аз ҷангро ба дӯш гиранд”, – изҳор доштааст вазири мудофиаи Русия.

Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон иншооти бузургтарини низомии Русия дар берун аз ҳудуди ин кишвар маҳсуб меёбад. Пойгоҳ дар ду шаҳр – Душанбе ва Бохтар мустақар аст. Ҳайати он ҷузъу том ва воҳидҳои низомии гуногун иборат аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...