Шаби 28-уми апрел, зимни анҷом додани амалиëти махсус ва пешгирӣ намудани шикастани хати сарҳади давлатӣ хизматчии мақомоти амнияти миллӣ, сардори шуъбаи амнияти шаҳри Хоруғ, полковник Комрон Раҷабзода баҳри ҳимояи хоки Ватан ҷони худро қурбон намудааст. Дар ин бора рӯзномаи “Нигини Хоруғ” дар саҳифаи фейсбуки худ бо такя ба изҳори ҳамдардии МИҲД -и шаҳри Хоруғ хабар медиҳад.
“Марги нобаҳангоми ин ҷавонмарди ҷавонмарг барои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ва сокинони он низ талафоти бузург аст, зеро саҳми марҳум дар таъмини амну субот ва осудагии сокинони шаҳр ниҳоят бузург буд”, – истинод овардааст ин расона.
Қаблан АМИТ “Ховар” бо такя ба Маркази матбуоти Отряди сарҳадии “Хоруғ”-и Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон куштори як сарбози тоҷикро ҳангоми ҳифзи сарҳад тасдиқ карда, аммо тафсилоти бештар надода буд.
Ин расона навишт, ки шаби гузашта 8 нафар аъзоёни гурӯҳи мусаллаҳи қочоқбарони фаромиллӣ сарҳади давлатии Тоҷикистонро дар минтақаи Хоруғ ғайриқонунӣ убур карда, ба муқовимати сарҳадбонони тоҷик рӯбарӯ шудаанд. 3 нафар қочоқбар боздошт шуда, боқимонда ба самти Афғонистон фирор кардаанд.
“Мутаассифона, ҳангоми задухӯрди мусаллаҳона бо қочоқбарони афғон як нафар хизматчии ҳарбӣ ба ҳалокат расид”, – хабар дода буд АМИТ “Ховар”.
Бояд гуфт, ки ин ҳодисаи дуюми сарҳадшиканӣ давоми ду рӯзи охир аст. Субҳи имрӯз, 26-уми апрел, низ ду аъзои ташкилоти байналмилалии террористӣ, ки бо мақсади анҷом додани амали террористӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон гузаштанд, аз ҷониби нерӯҳои тоҷик нобуд карда шуда, аз онҳо яроқу муҳимоти ҷангӣ мусодира карда шуд.