Президенти Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халиф имрӯз, 28 апрел бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омад. Дар ин бора дар сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дода мешавад.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳайати КФО-ро роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон – ноибони президент Дилшод Ҷӯразода ва Алишер Урунов, дабири кулл Фурқат Аҳмедҷонов ва дабири кулли Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Улуғбек Каримов истиқбол гирифтанд.
Гуфта мешавад, роҳбари футболи Осиё дар ҷараёни сафари корӣ бо роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон мулоқоти расмӣ анҷом дода, масъалаҳои рушди футбол дар кишварро баррасӣ менамоянд.
Илова бар ин, рӯзи 2 май дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси Душанбе» Конгресси 8-уми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор мешавад, ки дар он президенти ФИФА Ҷанни Инфантино ва президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа ширкат мекунанд.
Дар Конгресс президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказиро интихоб мекунанд. Роҳбари амалкунандаи Ассотсиатсия Рустами Эмомалӣ мебошад. Номзадии ӯ бори дигар ба вазифаи роҳбари CAFA барои давраи чор сол (2023-2027) баррасӣ мешавад.