spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Чаро дар марказҳои забономӯзӣ тезтар забони хориҷӣ омӯхтан мумкин, дар мактабу донишгоҳ не?

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир шаҳрвандон, махсусан ҷавонон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир менамоянд. Ҷиҳати қонеъ кардани талаботи забономӯзон, қариб хар рӯз дар гӯшаву конорои на фақат пойтахт, балки тамоми ҷумҳурӣ марказҳои забономӯзӣ боз мешаванд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар мактабҳо ва донишгоҳҳои кишвар низ ба забономӯзии талабагон ва донишҷӯён таваҷҷуҳ зоҳир мегардад. Махсусан, барои омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ таваҷҷуҳи давлат низ зиёд аст. Махсусан, пас аз таъкидҳои роҳбарияти давлат ҷиҳати омӯхтани ду забони хориҷӣ, масъулини маориф низ таваҷҷуҳи худро ба ин самт бештар намудаанд.

Аммо новобаста ба ин, теъдоди марказҳои забономӯзӣ меафзояд ва сафи хоҳишмандон низ зиёд мешавад. Ин раванд албатта, хушҳолкунанда аст, ки ҷавонони тоҷик ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ рағбати зиёд нишон медиҳанд, аммо дар баробари ин, саволеро халқ мекунад, ки чаро ҷавонон дар мактаб ва донишгоҳ забони хориҷӣ мехонанд, лекин ба пуррагӣ аз худ карда наметавонанд ва боз бо сарфи маблағи иловагӣ, ба марказҳои забонҳои хориҷӣ муроҷиат мекунанд?

Саволи дигар ин, ки чӣ тавр онҳо давоми 6-9 моҳ дар марказҳои забономӯзӣ матавонанд сатҳи забондонии худро ба то сатҳе беҳбуд бахшанд, ки солҳо дар мактабу донишгоҳ ба сатҳ нарасида буданд? Фарқияти таҳсил дар марказҳои забономӯзӣ аз мактабҳои маъмулии давлатӣ чӣ аст?

Як дарс ва ду усул

Санҷар Холбоев, муассиси маркази забономӯзии “Вижен” дар Душанбе, ба ин назар аст, ки низоми забономӯзӣ дар мактаб ва донишгоҳҳои кишвар нодуруст ба роҳ монда шудааст.

“Дар низоми мактаб танҳо хондан ва навиштани машқҳо ба роҳ монда шудааст, вале ин кори мустақилонаи толибилм аст ва имкон дорад, ки ин ду вазифаро дар хона ҳам иҷро кунад. Аммо барои хуб омӯхтани забони хориҷӣ машқҳои шунидан ва сӯҳбат кардан бисёр муҳим аст. Ин чиз бошад, дар низоми таҳсилити маорифи кишвар нест”, – мегӯяд Санҷар Холбоев.

Ӯ мисол меоварад: “Дар маркази забономӯзии мо муаллиме ҳаст, ки дар мактаб ҳам дарс медиҳад. Аммо агар ӯ дар мактаб ба тарзе, ки дар маркази забономӯзӣ дарс медиҳад, машғулият гузаронад, масъулини мактаб ӯро ҷанг мекунанд ва мегӯянд, ки аз рӯи низомномаи муқарраршуда дарсро гузаред”.

Ба қавли ӯ, “агар низоми марказҳои забономӯзӣ ба мактаб ва донишгоҳ ворид карда шавад, хонанда дар 11 сол ва донишҷӯ дар 4 сол забони хориҷиро дар сатҳи зарурӣ хоҳад омӯхт”.

"Дар мактаб шавқовар нест"

Бахтовар 6 моҳ мешавад, ки дар яке аз марказҳои забономӯзӣ ба омӯзиши забони англисӣ машғул аст. Ӯ мегӯяд, дар мактаби миёна ва донишгоҳ ҳам дарси забони занглисӣ мехост, аммо натавонист онро пурра омӯзад.

“Омилҳо гуногунанд. Пеш аз ҳама, тарзи дарсгузаронӣ фарқ мекунад. Дар мактабу донишгоҳ бештар ба масъалаҳои дуюмдараҷа таваҷҷуҳ мешавад, аз қабили либосу давомоти хонанда, аммо усули таҳсил бисёр дилгиркунанда аст. Машғулиятҳои ҳавасмандкунанда қариб, ки гузаронида намешавад. Аз китобҳои куҳна дарс дода мешавад. Дар марказҳои забономӯзӣ бошад, дарсҳо бисёр шавқангез мегузаранд, китобҳо ҳам ҷолибанд”, – мегӯяд Бахтовар.

Ҳамакнун, Бахтовар хеле хуб бо англисӣ ҳарф мезанад ва андешаашро баён мекунад.

Тафовут дар чист?

Як назарпурсии кутоҳи мо ҳам миёни нафаре, ки дар марказҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ гузаронида шуд, тафовути омӯзиш дар марказҳои забономӯзӣ ва мактабҳову донишгоҳҳоро собит намуд. Мо беш аз 30 нафарро пурсидем ва посухҳои пурсидашудагон сабабҳои таваҷҷуҳи зиёд ба марказҳои забономӯзиро то андозае муайян намуд.

Сабаби аввалине, ки одамонро ба марказҳои забономӯзӣ мебаранд, ин теъдоди талабагон дар як гуруҳ ё синф аст. Агар дар марказҳои забономӯзӣ дар як гурӯҳ аз ҳама зиёд 10 – 12 нафар дарс хонанд, пас дар мактабу донишгоҳҳҳо ин рақам 2 – 3 ва дар баъзе мактабҳо то 4 баробар зиёд аст.

Дуюм, давомнокӣ дарсҳо будааст. Агар дар мактабу донишгоҳҳо дар як ҳафта то 2 дарс бо давомнокии 45 дақиқа баргузор гардад, дар марказҳои забономӯзӣ дар як ҳафта 3-4 маротиба бо давомнокии 90 дақиқа гузаронида шавад. Ҳамчунин, дар марказҳои забономӯзӣ таваҷҷуҳ ба як дарс равона мегардад ва вақти таҳсил ҳам барои аксарият қулай фароҳам оварда мешавад.

Сеюм, маводи таълимӣ. Аксари пурсидашудагон таъкид намуданд, ки маводи таълимии дар марокизи забономӯзӣ истифодашаванда нисбат ба маводҳои дар мактабу донишгоҳҳо истифодашаванда хеле муассир ва ҷолибанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Чорум, муаллимон мебошанд. Дар марказҳои забономӯзӣ муаллимон ба теъдоди ками хонандагон дарс мегӯянд, аз ин ҷост, ҳам таваҷҷуҳ бештар ба хонанда зоҳир мегардад ва ҳам муаллим хаста намешавад ва бештар меомӯзонад. Ҳамчунин, маоши муаллим хуб таъмин аст ва ӯ дар сар андешаи дигар ҷуз омӯзонидан надорад.

Панҷум, омилҳои фасодкорӣ. Яъне, баъзе муаллимоне, ки дар макотибу донишгоҳҳои кишвар фаъолият мекунанд, бар ивази маблағе ба хонандаву донишҷӯ баҳо мегузоранд ва ӯ бе азбар кардани дониши кофӣ, таҳсилро хатм мекунад. Ин омил дар марказҳои забономӯзӣ нест, чун ҳар нафар дар ин марказҳо бар ивази маблағи пардохткардааш забон меомӯзад.

Бо назардошти нуктаҳои дар боло зикршуда, хулоса баровардан мумкин аст, ки тарзи тадриси забонҳои хориҷӣ дар макотибу донишгоҳҳои кишвар бояд ба таври куллӣ тағйир дода шавад ва дар ин роҳ, аз таҷрибаи марказҳои муваффақи забономӯзӣ истифода бояд бурд. Дар ин сурат, талабагон ва донишҷӯён дар мактабу донишгоҳҳо забонҳои хориҷиро хуб меомӯзанд ва дар суроғи маркарзҳои забономӯзӣ намешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...