Шаҳрвандони Тоҷикистон моҳи май бо назардошти рӯҳои ид ва истироҳат 9 рӯз истироҳат мекунанд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон.
Моҳи май дар Тоҷикистон ду иди давлатӣ ҷашн гирифта мешавад – 1 май ва 9 май (рӯзи сешанбе).
Мувофиқи қонун дар бораи рӯзҳои ид, 1 май дар кишвар рӯзи ид аст, лекин бе рӯзи истироҳат. Рӯзи 9 май – дар Рӯзи Ғалаба бошад, рӯзҳои истироҳат 3 рӯз пайдарпай мешаванд.
“9 май ба рӯзи сешанбе рост меояд. Тасмим гирифта шуд, ки рӯзи 6 май расман рӯзи корӣ эълон шуда, рӯзҳои 7, 8 ва 9 май шаҳрвандон пайдарҳам истироҳт кунанд, – гуфт манбаъ. – Ба ин тариқ, шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин моҳ ҳамагӣ 9 рӯз: 7, 8, 9, 13, 14, 20, 21, 27 ва 28 май истироҳат мекунанд”.
Мувофиқи меъёрҳои қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид”, агар санаи иди расмӣ, ки дар он рӯзи истироҳат эълон шудааст, ба рӯзҳои истироҳат – шанбе ё якшанбе рост ояд, рӯзи дигари корӣ ҳам рӯзи истироҳат мешавад.
Қобили зикр аст, ки имсол 9 май 78-умин солгарди Ғалаба бар фашизм дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ҷашн гирифта мешавад.
Ҳоло маълум нест, ки ба муносибати ин ҷашн дар пойтахти Тоҷикистон баргузории чӣ гуна чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст.