Аз 1 май равуои автобусҳо бо хатсайри Душанбе – Хуҷанд оғоз шуд. Ин хатсайр аз ҷониби Asian Express ҳанӯз моҳи апрел дар саҳифаи ширкат дар Фейсбук эълон шуда буд.
Ба иттилои Sugdnews, хатсайри аввал аз Душанбе ба Хуҷанд рӯзи 1 май раҳсипор шуда, имрӯз, 2 май аз он ҷо бозпас бармегардад.
Дар айни замон ширкат ба ин хатсайр 3 автобус ҷудо карда, ваобаста ба талабот ва сарборӣ дар хатсайр, шумори он кам ё зиёд карда хоҳад шуд.
Мувофиқи ҷадвал, ҳамарӯза автобуси ин хатсайр соати 8-и субҳ аз автовокзали Душанбе (Asian Express Terminal) ба Хуҷанд раҳсипор мешавад.
Аз Хуҷанд ба Душанбе бошад, автобус соати 07:00 аз автовокзали кӯҳна (маҳаллаи Пахтакор) ба роҳ мебарояд.
Дар роҳи сафар автобус дар ду мавзеъ – Ҳушёрӣ ва Шаҳристон таваққуф мекунад.
Арзиши билет ба як самт 85 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин равуои автобусҳо бо хатсайри “Душанбе – Панҷакент” низ барқарор шуда, нархи билет ба як самт ба 70 сомонӣ баробар аст.
То ин дам байни пойтахти кишвар ва шаҳри Хуҷанд автобусҳои мусофирбар равуо намекарданд. Asian Express соли гузашта як сафари озмоишӣ анҷом дод, аммо бо сабаби корҳои таъмир дар нақби “Истиқлол”, он боздошта шуд.
Қобили зикр аст, ки дар хатсайри Душанбе-Хуҷанд-Душанбе мусофирон танҳо аз таксӣ ва автомашинаҳои хусусӣ истифода бурда метавонистанд, ки арзиши сафар бо онҳо ба як самт аз 150 сомонӣ барои 1 нафар оғоз мегардад.
Ёдрас мекунем, ки «Asian Express» аз 11 апрел равуои автобусҳоро байни шаҳрҳои Душанбе ва Маскав роҳандозӣ намуд. Сафар бо автобуси бароҳати иборат аз 37 ҷойи нишаст тариқи ин хатсайр зиёда аз 66 соат вақтро дар бар мегирад.
Арзиши билет ба як самт – 1 200 сомонӣ. Автобусҳо бо ин хатсайр ҳафтае як маротиба рӯзҳои сешанбе соати 9:00 ба роҳ мебароянд.