Душанбе. 30-юми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз қабул шуд, аз 1 марти соли 2009 Вомбаргҳои нави давлатии дохилии бурднок ба мӯҳлати 10 сол ба муомилот бароварда мешаванд. Дорандагони Вомбаргҳои давлатии дохилии бурдноки барориши соли 2002 аз 1-уми марти соли 2009 метавонанд Вомбаргҳои худро ё ба намунаҳои нав иваз кунанд ва ё маблағи онҳоро бозпас гиранд.
Вомбаргҳои нав бо арзиши 10 ва 20 сомонӣ бароварда шуда,
бурдҳояшон ба андозаи 1500, 1000, 500, 300, 200, 100, 40 ва 20 сомонӣ муқаррар гардидааст.
Дар мӯҳлати 10 соли муомилоти вомбарг 60 тиражи бозиҳо гузаронда мешавад, яъне ҳар сол 6 тиражӣ ё дар ду моҳ як бор. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.