Додгоҳе дар шаҳри Остона Гулмира Сатибалдӣ, ҳамсари пешини Кайрат Сатибалдӣ, хоҳарзодаи Нурсултон Назарбоев, президенти пешини Қазоқистонро бо гуноҳи “ғасби тиҷорат” ва “одамрабоӣ” ба 7 соли зиндон маҳкум намуд. Дар ин бора пойгоҳи иттилоотии “Фергана” иттилоъ медиҳад.
Гулмира Сатибалдӣ инчунин вазифадор шуд, ки ба ҷабрдида, соҳибкор Турсен Алагузова беш аз 15 миллион доллар ҷуброни зарар пардозад.
Тибқи иттилои нашргардида, Гулмира Сатибалдӣ ба он айбдор шуд, ки гӯиё Алагузоваро маҷбур кардааст, ки аз 43 дарсади саҳмияҳои ширкати худ – “Galanz bottlers” даст кашад. Муфаттишон гуфтаанд, Сатибалдӣ ба Алагузова фишори равонӣ ва моддӣ овардааст.
Сатибалдӣ низ ба он айбдор дониста шуда, ки Ойгул Мекешеваро рабуда, маҷбур сохтааст, ки аз ширкати “Maxi Bottlers” даст кашида, онро ба номи ӯ гузаронад.
Ҳамроҳи Сатибалдӣ ду зердасташ Мади Батиршаев ва Рашид Утебеков бо ҷурми одамрабоӣ ва ғасби тиҷорат 7 ва 5 сол зиндонӣ шудаанд. Худи Сатибалдӣ иттиҳом қисман эътироф карда, аммо одамрабоиро рад кардааст ва парвандаи худро “сиёсӣ” номидааст.