spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

“Барои муайян кардани суроғаи бемор”. Талаби шиноснома барои ташхиси чанд беморӣ

Ин талабот ба хотири пешгирии паҳншавии бемориҳои вируси норасоии масунияти одам (ВНМО), оташак (RV), ҳама намуди гепатитҳо, кабудсулфа ва дуруст муайян кардани макони зисти муроҷиаткунандагон рӯи даст гирифта шудааст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, шоми имрӯз, 4-уми май бо нашри як иттилоия гуфт, барои ташхиси бемориҳои зери назорати эпидемиологӣ, аз ҷумла ВНМО (вируси норасоии масунияти одам), RV (оташак), ҳама намуди гепатитҳо ва кабудсулфа “Озмоишгоҳи миллии референсӣ”-ии  вазорати шаҳрвандонро барои ин намуд ташхисҳо танҳо бо пешниҳоди шиноснома қабул менамояд.

Ин ниҳод аз шаҳрвандон даъват ба амал овардааст, ки “ки ҳангоми муроҷиат ба озмоишгоҳ барои ташхиси ВНМО (вируси норасоии масунияти одам), RV (оташак), ҳама намудҳои гепатитҳо ва кабудсулфа, шиносномаи худ ва фарзандашонро ҳамроҳ бигиранд”.

“Ин тасмим танҳо ба хотири пешгирии паҳншавии беморӣ мебошад. Бинобар ин, шаҳрвандон бояд ин тасмими роҳбарияти озмоишгоҳро дуруст дарк намоянд”, – зикр мешавад дар иттилоия.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, маҳз махфӣ будани муайян кардани баъзе бемориҳо ба ташхис аз ҷониби беморон мусоидат мекунад.

Дар акси ҳол, мардум аз тарси хешовандон, ифшои ҳолати ВНМО, табъиз аз ҷониби ҷомеа ва кормандони соҳаи тиб, рад кардани ёрии тиббӣ ва таъқиб аз ҷониби кормандони милитсия ба муассисаҳои тиббӣ намераванд.

Тибқи иттилои лоиҳаи «Алянс барои солимии ҷамъият», аз ҳама бештар ҳуқуқи шахсони гирифтори ВНМО ҷониби кормандони соҳаи тиб ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ поймол мешавад.

Дар Тоҷикистон имрӯз дар ҳама муассисаҳои тиббӣ метавон ташхиси хунро барои ВМНО ошкор ва бе ифшои ном супорид. 

Аз соли 1991 то 30 сентябри соли 2022 дар Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бо ВМНО 14 ҳазору 800 шахси гирифтори ВМНО ба қайд гирифта шудааст: мардон – 9 ҳазору 433 нафар, занон – 5 ҳазору 367 нафар, 1 ҳазору 803 нафар кӯдакони то 18-сола. Аз ин шумора, дар ин давра 4 ҳазору 115 нафар фавтидаанд

Ин бори аввал аст, ки мақомоти тандурустии Тоҷикистон як намуди хидматрасонии тиббиро тариқи пешниҳоди шиноснома анҷом медиҳанд.

Ҳарчанд, дар гузашта, мақомот фурӯши симкортҳоро, ки қаблан бидуни шиноснома дар кӯчаву бозорҳо харидан мумкин буд, тариқи пешниҳоди шиноснома ба роҳ монда буданд. Ҳадаф таъмини амнияти иттилоотӣ гуфта мешуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳамчунин, чанд сол аст, сокинон шикоят мекунанд, ки дар бархе аз бозору мағозаҳои кишвар мех, мехи печдор, кислород ва карбитро бидуни шиноснома харида наметавонанд. Ҳатто баъзе фурӯшандаҳо мегуфтанд, ки дастур аз болост ва ҳушдор ҳам гирифтаанд, ки дар сурати бидуни шиноснома фурӯхтани мех ҷазо хоҳанд гирифт.

Мақомот мегуфтанд, ҳадаф “пешгирӣ аз ҳодисаҳои террористӣ аст”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...