spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Толибон дар Панҷшер ва чанд вилояти дигар волии нав таъйин карданд

Мулло Ҳайбатулло Охундзода, роҳбари гурӯҳи Толибон* бо судури як фармони ҷадид ба панҷ вилоят волӣ ва ба се қисми низомӣ фармондеҳи нав таъйин кард. Дар ин бора хабаргузории “Afghanistan International” иттилоъ медиҳад.

Ҳамин тавр, Муҳаммадалӣ Ҳанафӣ, волии ҷадиди Қандаҳор таъйин шуд. Ӯ пеш аз ин муовини роҳбари бахши истихбороти вазорати дифоъ дар ҳукумати сарпарасти Толибон буд.

Муҳаммадоғо Ҳаким, волии Панҷшер таъйин шуд. Ӯ қабл аз ин волии вилояти Нуристон буд.

Муҳаммадмуҳсин Ҳошимӣ, ки қаблан волии Панҷшер буд, сарпарасти идораи олии тафтишоти Толибон таъйин шуд.

Муҳаммадаюб Холид, ки қаблан фармондеҳи қулурдуи 207 Ал-Форуқ буд, волии  Кунар таъйин шуд.

Ҳамчунин, волии пешини Кунар Аҳмад Тоҳо муовини вазорати сарҳадоти ақвому қабилаҳо таъйин шудааст.

Гулҳайдар Шафиқ, ки қаблан муовини волии Ғазнӣ буд, волии ҷадиди Ҷузҷон таъйин шуд ва Абдураҳмон Ҳаққонӣ, муовини пешини вазорати сарҳадот, волии нави Бағлон таъйин гардид.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ҳушдор ба ҷаҳон ва таъсиси хилофат. Изҳороти Амири Толибон чӣ паём дорад?

Башираҳмад Ҳаққонӣ бошад, волии Нуристон таъйин шудааст.

Тағйироти волиҳо ва фармондеҳони вилоятҳо ва қисмҳои низомӣ дар ҳайати Толибон дар ҳолест, ки ин гурӯҳро то ба ҳол ҳеҷ кишвар ва ё созмонҳои байналмиллалие ба расмият намешиносад. Толибон пас  аз ғасби қудрат дар Афғонистон гуфта буданд, ки ҳукумати кунуниашон муваққатӣ буда, дар пайи ташкили ҳукумати ҷадид хоҳанд буд, аммо бо гузашти қариб ду сол то ҳол ҳукумате, ки ба хост ва иродаи ҳамаи ақалиятҳои Афғонистон бошад, ташкил накардаанд.

Ҳамчунин тайи қариб ду сол Толибон ба таври муназзам ҳуқуқу озодиҳои духтарону занони Афғонистонро маҳдуд мекунад. Дарҳои мактабу донишгоҳҳоро ба рӯи донишомӯзони духтар бастаанд, занонро аз кор дар созмонҳову ташкилотҳои ғайридавлатӣ манъ карданд ва инчунин занҳо ҳақ надоранд ба боғҳои тафреҳӣ раванд ва ё ҳақ надоранд бе ҳамроҳии марди хона, кӯча бароянд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...