Имрӯз, 6-уми май, барои поси хотири Қиёмиддин Чақалов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дар назди мактаби зодгоҳаш нимпайкараи ҳунарманд гузошта шуд. Ҳамчунин, дар ин мактаб осорхонае барои ҳунарманд ташкил карда шуд. Дар ин бора журналист Субҳон Ҷалилов ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, имрӯз дар назди мактаби №35, ки соле пештар ба номи Қиёмиддин Чақалов гузошта шуда буд, бо ширкати ҳунармандони театру синамо нимпайкараи ҳунарпеша пардабардорӣ шуд.
“Дар осорхона аксҳову либосҳои Қиёмиддин Чақалов ва осори барои ӯ бахшидашуда ба намоиш гузошта шудааст”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Қиёмиддин Чақалов хатмкардаи риштаи драма ва кинои Донишкадаи давлатии ҳунари Тоҷикистон буд, ки баъди хатми ин боргоҳ дар соли 1975 то поёни умр дар Театри давлатии академии ба номи Лоҳутӣ кор мекард.
Ин ҳунарманд дар тетар ва синамои Тоҷикистон нақшҳои мондагоре офаридааст. Нақшҳои “Кӯзагар” аз намоишномаҳои “Роҳзан ва кӯзагар”, Боқӣ Раҳимзода аз “Аёдат”, Гурков аз “Гамлет”, Искандар аз “Чорсу”, Семён Пондолфо аз “Арӯси таърифӣ”, Тарано – Ғайратшоҳ аз “Духтари саркаш” ва дар филмҳои “Ашк ва шамшер”- Сияҳсавор, Қассоб аз “Ҷазира”, муаллим аз “Муҷассамаи ишқ”, директории совхоз аз “Сароби хунин” аз нақшҳои баёдмондании ҳунарманд дониста мешаванд.
Ҳамчунин, Қиёмиддин Чақалов дар миёни ҳаводорони ҳунару синамои Тоҷикистон ба унвони ҳунарманди тавоно дар бахши ҳаҷву танз маъруф буд ва ин яке аз ҷанбаҳои фарқкунандаи ҳунари ӯ маҳсуб мешуд.
Ӯ 28-уми апрели 1945 дар деҳаи Хуванди ноҳияи Файзобод ба дунё омада, 14-уми апрели соли 2021 дар Душанбе аз олам даргузашт. Марҳумро дар зодгоҳаш ба хок супориданд.